35 years of independency
Аз паҳншавии маводи психотропии «Прегабалин» пешгирӣ шуд
06.10.2026
Oila.tj
108

Кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни амалиёти оперативӣ як мавриди эҳтимолии муомилоти ғайриқонунии маводи психотропиро ошкор ва пешгирӣ кардаанд.

Ба иттилои Раёсати ВКД, ҳамчун гумонбар Иброҳимов Бузургмеҳр, сокини 26-солаи шаҳри Душанбе дастгир шудааст. Муайян гардидааст, ки ӯ муддате ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи психотропӣ машғул буда, аз ин роҳ манфиати молиявӣ ба даст меовардааст. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ дар маҷмуъ 1124 адад ғилофакҳои маводи навъи «Прегабалин» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Иброҳимов Б. тибқи моддаи 128-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД