35 years of independency
Аз сандуқи хайриявии масҷид 500 сомониро дуздидаанд
15.10.2026
Oila.tj
72

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз масҷиди «Панҷвақта» маблағи хайриявӣ дуздида шудааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, шаҳрванд Ҷӯраев Умед Икромович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Конибодом, ба таври ғайриқонунӣ ба масҷиди «Панҷвақта», воқеъ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид гардида, аз сандуқи хайриявӣ 500 сомонӣ маблағи пулӣ тасарруф намудааст.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки Ҷӯраев У. И. қаблан, соли 2024 бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Вобаста ба ин ҳодиса нисбати номбурда бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД