Модари саҳна... Маликаи ҳунар... Шоҳсутуни фарҳанги тоҷик... Нобиғаи театр ва синамои миллӣ....
Ин сифатҳо марбут ба зане ҳастанд, ки бо истеъдоди воло ва ҳунару маҳорати беназираш дили садҳо ҳазор одамонро тасхир намудааст. Албатта, хонандагони азиз аллакай пай бурдагистанд, ки сухан дар бораи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева меравад. Оре, имрӯз дар саросари Тоҷикистон ҳатто як нафарро пайдо намудан душвор аст, ки ин ҳунарманди асилро нашиносад ва ҳурмату эҳтиром накунад, зеро ин зани саропо ҳунар умри пурбаракаташро ба рушду нумӯи театр ва кинои тоҷик бахшида, бо садҳо нақшҳои ҷаззоб ва хотирмони офаридааш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Ин ҳунарманди маҳбуб 1-уми май ҷашни милод дошт. Марям Исоева ба синни мубораки 89 солагӣ қадам ниҳод ва мо ба суроғи ин сутуни устувори санъати миллии тоҷик рафтем, зеро фаъолияти эҷодии ӯ бо рушди театру фарҳанги миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад, ин сана натанҳо рӯзи таваллуди як ҳунарманд, балки як марҳалаи муҳим дар таърихи санъати тоҷик маҳсуб меёбад.
Ҳунарманд ба танҳоӣ ниёз дорад
Маъмулан ҳунармандон хеле серташвиш ҳастанд ва ростӣ мо ҳам чандон умед надоштем, ки Марям Исоеваро дар манзилаш пайдо мекунем, вале хушбахтона дарро ба рӯямон худи ҳанарманд боз намуд ва аз рӯйи таомули тоҷикона амал намуда, бо табъи болидаю лаби пурханда модарона ба хонааш мурооот намуд. Суҳбат дар сари як пиёла чой қаймоқ баст ва инак фишурдаи он муҳовараи хотирмонро манзури хонандаи закӣ ва хушзавқ месозем.
- Шумо ҳамеша бо нақшҳои ҷолибатон меҳмони кошонаи мардуми тоҷик мегардед, вале ҳеҷ гумон надоштем, ки рӯзе меҳмони хонадони шумо мешавем...
- Ман хеле шод ҳастам, ки аввалин шуда ба табрикам омадед. Ростӣ, чанд сол боз мухлисатон ҳастам. Гоҳо аз навиштаҳоятон илҳом мегирам, баъзан сарнавишти пурдарди занон ва кӯдакони дар зиндагӣ шикастхӯрдаро хонда, дилам ба дард меояд, вале зиндагӣ пастию баландиҳои худро дорад ва инсон бояд аз ин шикасту рехтҳои ҳаёт панд бигирад...
- Апаи Марям, ин ҷо ҳамроҳи кӣ зиндагӣ мекунед?
- Ҳозир шумо танҳо худи маро дида истодаед-ку!
- Танҳо зиндагӣ мекунед?
- Аслан одамизод танҳо ба дунё меояд ва боз танҳо аз дунё меравад. Баъдан ҳунарманд дунёи худро дорад ва ба танҳоӣ хеле ниёз дорад. Барои ман танҳоӣ фурсати хубест барои фикр кардан дар бораи фалсафаи зиндагӣ. Дар танҳоӣ имкон меёбам, ки дар боби баду неки ҳаёт бештар фикр карда, рӯйи нақшҳоям гаштаву баргашта кор кунам ва образҳои офаридаамро бештар такмил диҳам...
- Шумо ба синни мубораки як кам 90 солагӣ қадам ниҳодед. Давлати пирӣ меронед ё то ҳанӯз дар театр машғули фаъолияти эҷодӣ ҳастед?
- Ман аз театр ҳеҷ гоҳ берун нарафтаам ва онро тарк накардаам. Бо як по ба театр омадам, бо як по ба саҳна баромадам ва то ба имрӯз бо як по рост истода, дар хизмати халқи азизам ҳастам.
- Айни замон рӯйи кадом намоишнома кор мекунед?
- “Меҳригиёҳ”- ин намоишнома ба қалами дӯст ва ҳамсабақам Тӯрахон Аҳмадхонов тааллуқ дорад. Ин намоишномаро ман ҳамчун коргардон ба саҳна гузоштам ва бо хоҳиши худи Тӯрахон яке аз нақшҳои асосӣ - дояро бозидам.
- Воқеъан, тӯли 66 соли фаъолияти эҷодиатон дар Театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ садҳо нақши модарро бозидаеад. Аз ҳама образҳои модарони офаридаатон барои худи шумо кадомаш азизтар аст?
- Барои ман ҳар як нақши бозидаам азиз аст, ҳатто нақшҳои кӯчак.
Саргузашти Марям Исоева дар як филм намеғунҷад
- Агар шумо ҳамчун коргардон дар бораи Марям Исоева филме ба навор мегирифтед, номи он филмро чӣ мегузоштед?
- Дар як филм тамоми саргузашти Марям Исоеваро ҷойгир кардан хеле душвор аст. Аз сари мо чи рӯзҳое, ки нагузаштааст, бояд як сериал мебуд, то ки ҳамаи он мадду ҷазри ҳаёти маро тасвир намояд. “Дарахт дар як ҷо месабзад” мегӯянд. Ман ҳам зиёда аз 66 сол боз дар як ҷо, яъне дар театри Лоҳутӣ заҳмат мекашам. Шояд бисёриҳо гумон мекунанд, ки ҳаёти мо, ҳунармандон мисли асал ширин ва мудом дар роҳат ҳастем, вале ман дар зиндагӣ ранҷу азобҳои зиёде кашидаам. Хорию зориҳои бисёре дидам, фоҷиаҳои зиёдеро аз сар гузаронидам, вале ба ҳамааш тоқат кардам, чунки театрро дӯст медорам ва бидуни саҳна зиста наметавонам.
- Ба андешаи худи Шумо аз насли нави театр дар саҳнаи ҳунар кӣ метавонад ҷойгузини Марям Исоева гардад?
- Ин саволро додеду як ҳодисаи аҷиб ба ёдам расид. Боре аз назди бинои ҳукумат мегузаштем, ки аз рӯ ба рӯям 3 нафар баромада ба ман салом доданд. Яке аз онҳо пурсид, ки муаллима шумо маро нашинохтед. Гуфтам, ки ба ёдам оред, дар куҷо бо шумо вохурда будем, вале яке аз мардони ҳамроҳаш ӯро сарзаниш карда гуфт: “ту кӣ ҳастӣ, ки муаллима бояд туро шиносанд?! Мо бояд ин касро шиносем ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, чунки Марям Исоева якто ва дигар дар саҳнаи ҳунар Марями дуюм таваллуд намешавад...” Ин ҳодисаро ба он хотир ба ёд овардам, ки ҳар як шахс беназир аст. Аз байни бонувон ҳунармандони хуби зиёде дорем, вале ҳар кадоми онҳо ҷойи худашонро доранд.
- Шумораи Марямҳо имрӯз чунон зиёд шудааст, ки ногуфтанӣ...
- Бале, ба назди ман ҳам бисёриҳо омада мегӯянд, ки муаллима, мо мухлиси шумо ҳастем ва ба хотири муҳаббати зиёде, ки ба ҳунари шумо дорем, фарзанд ё набераамонро Марям ном гузоштем. Маро ба гаҳворабандон даъват менамоянд ё хоҳиш мекунанд, ки барои он Марямчаҳо дуо диҳам. Ростӣ, хеле хурсанд мешавам ва дуо мекунам, ки ҳамаи он Марямчаҳо мисли ман умри пурбаракат дида, ҳамеша дар хизмати миллату Ватан бошанд ва одамони номдор шаванд.
- Сирри асосии комёбӣ ва муваффақиятҳои шумо дар чист?
- Ба фикри ман танҳо ду чиз метавонад ба ҳунарманд шӯҳрату ном орад - интизом ва меҳнат.
Аз хотироти айёми кӯдакӣ
- Устод Лоиқ мегӯянд: “Кӯдакиам ханда бар лаб, лаб-лаби дарё гузашт...”. Шумо аз даврони кӯдакиатон чи хотираҳо доред?
- Эҳ, кӯдакӣ дар ҳақиқат даврони тиллоии умр аст! Ман дар кӯдакӣ ба писарча хеле монанд будам, аммо тез-тез бемор мешудаам. Аз ҳамин сабаб модарҷонам маро ба гаҳвора набаста, ҳамеша дар рӯйи банди дилашон гузошта, худро мисли гаҳвора ҷунбонда мехобондаанд. (Механдад).
- Шояд барои ҳамин азизи дили хурду калон гаштед...
- Шояд. Модарам бисёр зани шармгини хонашин, вале падарам марди аҷиб буданд. Он кас аз деҳқонӣ сар карда, дар тамоми вазифаҳои баланд кор карда буданд. Азбаски саводи баланд доштанд, он касро ба вазифаҳои давлатӣ низ таъин карда буданд, аммо ғуруру такаббур надоштанд. Падарам дар рушди шахсияти ман накши бузург гузоштаанд.
- Як панди падар, ки ҳаргиз аз ёдатон намеравад?
- Боре падарам пиёз мекоштанду ман наздашон омада пурсидам, ки падарҷон, шумо тухми пиёз мекоред, на тухми алаф, вале барои чи пеш аз пиёз алафҳои бегона сар кашида, полизро зер мекунанд. Падарам лаҳзае сукут карданду баъд гуфтанд, духтарам, алафҳои бегона душманоне ҳастанд, ки пиёзро несту нобуд кардан мехоҳанд... ва илова карданд, ки ҳама чиз дар дунё душман дорад, замин, табиат, ҳайвонот, дар боби душмани одамизод бошад, ҳоҷати гап ҳам нест...
- Шумо ҳам душман доред?
- Албатта дорам, вале душманонам маро пурқувваттар карданд.
Ёди Ато Муҳаммадҷонов ва Маҳмудҷон Воҳидов
- Аз шоҳсутуни театри тоҷик Ато Муҳаммадҷонов чи хотираҳо доред?
- Аз Атоҷон китоб-китоб хотира дорам. Дар ҳақиқат як ҳунарманди нотакрор ва сутуни устувори санъати театр ва кинои тоҷик буд Ато Муҳаммадҷонов. Вақте ки дар саҳна нақши Бобоҷон Ғафуровро бозида бо садои марғуладораш бо як ҳисси бисёр баланди ифтихори миллӣ “Ман тоҷикам!” мегуфт, тамоми мардум ба по мехестанд ва толор аз мавҷи кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон гӯё ба ларза меомад...
- Ба фикрам шумо дӯстони наздик ҳам будед?
- Бале, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов ва Бурҳон Раҷабов дӯстони ҷонӣ буданд ва ҳарсеашон бо ман дӯстии наздик доштанд. Ато ҳамеша мегуфт, ки Марям, вақте ки мо дар саҳна машқ мекунем, ту рафта дар толор шин ва хатогиҳои моро гӯй. Мо оинаи ҳамдигар будем, камбудиҳоро дар рӯйи ҳамдигар ошкоро мегуфтем, баъзан ҳатто ҷанг мешудем... Имрӯз дар театр ана ҳамин чизҳо намерасанд.
- Он замон ҳаёт дар театр дар ҳақиқат меҷӯшид...
- Бале, мо ҳунармандон танҳо барои хоб кардан шабҳо ба хонаҳоямон мерафтем, дигар умрамон ба пуррагӣ сарфи эҷодиёт мешуд. Саҳар барои машқ ба театр меомадем, баъд ба хонаи радио мерафтем, пас аз он барои дубляж ба киностудия шитоб мекардем ва бегоҳ боз дар ягон намоишномаи театр нақш мебозидему нимаи шаб ба хона мерафтем. Ана ҳамин тавр ба мисли санҷобҳо мудом дар такопӯ будем.
Булбул ҳам аз садои Аҳмад Зоҳир ба нола даромад
- Мегӯянд, ки шумо бо Ситораи Шарқ, зиндаёд Аҳмад Зоҳир низ ошноӣ доштед...?
- Ман натанҳо бо Аҳмад Зоҳир, балки қариб бо тамоми ҳунармандони Афғонистони замони Зоҳиршо ошноӣ доштам, чунки тез-тез ба ин кишвар ба сафари ҳунарӣ мерафтем. Ҳатто бо ҳунармандони ин кишвар дар як саҳна якҷоя нақш мебозидем. Дар яке аз ҳамин сафарҳо Ҳабибулло Абдуразоқов, Носир Ҳасанов ва ман нав аз меҳмонхона мебаромадем, ки аз рӯ ба рӯямон як ҷавони зебою ситорагарми тахминан 18-20 сола баромад. Роҳбалад бо дидани ӯ хеле шод шуду ба мо гуфт: “Биёед, шуморо бо Аҳмад Зоҳир шинос кунам, сароянда аст ва бисёр садои зебо дорад.” Аҳмад Зоҳир меҳмон буданамонро фаҳмида, моро ҳамон бегоҳ ба як тӯйи боҳашаммат, ки дар боғи шоҳ барпо мешудааст, таклиф кард.
- Даъваташро пазируфтед?
- Албатта! Ҳеҷ аз ёдам намеравад, вақте ки бегоҳ дар боғи шоҳ Аҳмад Зоҳир ба таронасаройӣ даромад, бо садои афсунгараш ҳамаро гӯё афсун кард ва баногоҳ аз куҷое як булбул бо вай ҳамовоз шуда, ба нағмасароӣ сар кард. Садои булбулро шунида Аҳмад Зоҳир якбора хомӯш шуд ва гӯшу ҳуш шуда, ба нолаи булбул гӯш дод. Навозандагонаш ҳамоно оҳанг менавохтанд, вале худи Аҳмад Зоҳир танҳо пас аз он ки парранда нағмасароияшро бас кард, дубора ба таронасаройӣ даромада, ончунон боҷозиба ва таъсирбахш суруд, ки тамоми меҳмонон ба по бархостанд. Дар ҳамон ҷо ман ба ҷозибаи садои ин ҳунарманди булбуловоз қоил шудам.
Зане, ки дар 90-солагӣ бо дасти худ хӯрок мепазад
- Шуморо дар саросари Тоҷикистон ҳамчун модари саҳна ва бибии саҳна мешиносанд. Худатон чанд набераю абера доред?
- Аслан ҳисоб кардани шумораи авлод хуб нест, вале фақат ҳаминро мегӯям, ки 7 абера дорам, 6 писар ва танҳо як духтарча - Амалхонум. Писари калониам Тоирҷон дар Маскав таваллуд шуда буд ва ҳамин шаҳри бузургро макони зисту зиндагиаш интихоб кард. Амалхонум духтари писари Тоирҷон - Зоирҷон аст. Онҳо ҳамаашон дар Маскав зиндагӣ мекунад ва ҳамин сол нияти ба меҳмонӣ омадан доранд, чунки синну соли ман ҳам ба ҷое расидааст, мехоҳанд бештар бо ман вақт гузаронида аз дидорам сер шаванд. Ростӣ худам ҳам пазмони дидори азизони дилам ҳастам, охир роҳи дур дур аст...
- Аз небараю абераҳоятон касе роҳи шуморо интихоб накард?
- Раҳматӣ духтаракам Гулнозҷон бисёр мехостааст, ки актриса шавад, вале вақте дид, ки ман чи ранҷу азобҳое, ки накашидам, аз фикраш гашт.
- Шумо ин ҷо танҳо зиндагӣ мекунед, бароятон кӣ хӯрок мепазад?
- Ман аз даврони кӯдакиам бекор нишаста наметавонам. Кӯдак, ки будам, саҳар барвақт мехестам ва кору бори хонаро карда, баъд ба хӯрокпазии модарам диққат медодам. Он кас бисёр тамоҳои бомазза мепухтанд. Падарам фақат ба модарам мегуфтанд, ки шумо ба ангуштонатон асал молида, хӯрок мепазед, ки тамоҳои пухтаатон ин қадар бомазза мешаванд. Модарам, ки хеле зани шармгин буданд, хиҷолат кашида “дар пеши бачаҳо ин хел нагӯед” мегуфтанд ва сарашонро хам мекарданд. Ман дар намоишномаи “Армони модар” либосҳои модарҷонамро пӯшида, ана ҳамин хислати модарамро тасвир кардаам.
- Пас то ба имрӯз худатон хӯрок мепазед?
- Бале, худам хӯрок мепазам, худам бозорӣ мекунам. Аксар вақт дар бозор фурӯшандаҳо маро дида бо ҳайрат мепурсанд, ки наход дар ҳамин синну сол шумо худатон барои харид кардан ба бозор биёед, охир шуморо бояд тоҷи сар кунанд, нагузоранд, ки поятонро ба замин сахттар монед. Ақаллан бояд бо мошин шуморо ба бозор оранд, ки азоб накашед, вале медонед барои чи худам меравам? Барои он ки ман бисёр одами нозук ҳастам ва маҳсулотро чида-чида беҳтаринҳояшро интихоб мекунам.
- Кадом хӯрокҳоро дӯст медоред?
- Бисёр мухлисонам маро ба хонаҳояшон меҳмонӣ даъват карданӣ шуда мепурсанд, ки муаллима, чи пазем, ош, гӯштбирён, сихкабоб, вале ман оши туппаро бисёр дӯст медорам. Хӯрдани оши туппа бо кабудӣ ва помидору бодиринги резашуда кайфияти хосе дорад...
- Дар ин синну сол хеле чаққон ва серҳаракат ҳастед, агар махфӣ набошад, бигӯед, ки чӣ ба шумо қуввату нерӯ мебахшад?
- Муҳаббати самимонаи халқи азизам. Ҳамарӯза садҳо одамон маро дида, бо меҳр дар бораи нақшои офаридаам сухан мегӯянд, ганҷи дилашонро ба ман нисор мекунанд. Ин неъмати бебаҳост. Ҳанӯз замоне, ки 40-42 сола будам, падарам ба ман гуфтанд, ки Марям, духтарам ба нафақа баро. Ҳайрон шуда пурсидам, ки дадаҷон, охир ман ҳанӯз ҷавон ҳастам, кӣ ба ман нафақа медиҳад? Он кас хандида ҷавоб доданд, ки нони ту дар дасти халқ аст. Ман мебинам, ки мардум чи қадар туро дӯст медоранд ва тоҷи сар мекунанд. Халқ намегузорад, ки ту гурусна монӣ, чунки ҳунаратро дар ҳақиқат дӯст медоранд ва қадр мекунанд.
- Аз нақлҳоятон чунин бармеояд, ки падаратон бо шумо мисли писар рафтор мекардаанд...
- Бале, барои падару модарам ман ҳамеша мисли писар будам. Соли 1992 ҳамон рӯзе, ки як гурӯҳ бо сарварии Сафаралӣ Кенҷаев ба шаҳр даромаданду паррон-парон сар шуд, як тир ба тирезаи хонаи мо расидааст ва модарам, ки рӯйи бистари беморӣ хобида буданд, аз тарс ҷон додаанд. Рӯзи бисёр душворе буд, дар кӯчаҳо ҷанг мерафт, мардум ба даҳшат афтида буданду ҳеҷ кас аз хонааш берун намебарояд. Дар зери тирборон илоҷе карда, то ҳукумати шаҳр рафтам ва бо чашми гирён гуфтам, ки модарам аз дунё гузаштанду мошин лозим аст, вале ягон мошин набуд. Раиси шаҳр илоҷе карда, як мошини обпошакро ёфта доданд ва ман ба кабинааш нишаста ба оромгоҳи Сари Осиё рафтам, то ки барои гуручӯб крадани модарам ҷойи муносиб ёбам. Аввал як-ду ҷойро нишон додаанд, аммо писандам наомад, баъд ба ман гуфтанд, ки муаллима, як ҷойи таги дандон мондагӣ дорем, агар розӣ бошед, дар ҳамон ҷо гӯр мекобем. Ҳайрон шудам, ки наход дар гӯристон ҳам ҷойи таги дандон карда мондагӣ бошад, вале вақте ки он ҷойро дидам, писандам омад. Ҷойи баланде, ки тамоми шаҳр аз он ҷо мисли кафи даст менамояд. гуфтам, ки ҳаимин мавзеъро барои оилаи мо ҷудо карда, атрофашро маҳкам кунед.
Хулоса, модарамро дар ана ҳамон баландӣ ба хок супурдему баъди додани маъракаи мотам бо падарам ба сари мазорашон рафтем. Падарам гиря карда гуфтанд: “Марямҷон, ту барои мо духтар не, писари ҳақиқӣ шудӣ, бачам, акнун маро ҳам мисли модарат бо дастони худат гурӯ ҷӯб кун!”.
Ва дар ҳақиқат чунин шуд, дере нагузашта падарам вафот карданду он касро дар паҳлуи модарам ба хок супурдем, баъд духтарамро бо шавҳару фарзадаш куштанд, боз чандин наздиконам дар он ҷо хок шудаанд. Одамон аксар вақт гури падару модарашонро гум мекунанд, вале ман аз худам розӣ ҳастам, ки ҳамаи азизони диламро дар як ҷо ба хок супурдам. Тез-тез ба зиёрати мазорашон рафта, дар ҳаққашон дуо мекунам. Ҳамаашон гӯё дар як ҳавлӣ хобидаанд... (мегиряд).
- Ягон бор фикр кардаед, ки агар актриса намешудед, имрӯз кӣ мебудед?
- Бибию бибикалонҳои ман табиби халқӣ ва момодоя будаанд, агар актриса намешудам, шояд табиб ё момодоя мешудам.
- Саломат бошед! Бароятон тани сиҳату умри дароз орзумандем. Умедворем, ки дар ҷашни 100-солагиатон боз меҳмони хонадони шумо гашта, ҳамроҳатон як суҳбати ширини дигар дошта бошем.
- Илоҳо шумо 100-сола шаведу ман бинам!
Мусоҳиб: Ф. САТТОРӢ