Аз соли 2027 барқкуширо таърихан фаромӯш мекунем!
172

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамчунин ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо барқ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, гуфтанд, ки аз соли 2027 барқкуширо фаромӯш мекунем.

“Моро дуруст фаҳмед. Як зимистони дигар дар пеш аст. Тирамоҳу зимистони соли 2026 аз ин зимистон сабуктар мешавад. Хеле беҳтар мешавад. Мову шумо аз соли 2027 барқкуширо таъхиран фаромӯш мекунем”,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Тибқи гуфтаҳои Президенти мамлакат, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми НБО “Роғун” ба кор даромада, истиқлолияти энергетикии кишвар ба пуррагӣ таъмин мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД