Аз “Ғунчаҳои санъат” то “Нури Хуҷанд”
67

Сарояндаи хушном Ином Каримов самараи ормонҳои бобояш Барот аст. Замоне ин пирамарди ранҷбар дутор менавохт ва шодиву нишоти ҳунарро бо мардуми деҳа ба ҳам медид. Шояд, он замон орзу карда буд, то ба ҷойи ӯ пасояндагон ҳунари воқеии навозандагиву овозхониро омӯзанд, мактабдида шаванд ва дар саҳнаҳои бузург ҳунарнамоӣ кунанд.

Ин аст, ки якбора ду набераи бобои Барот – Ином ва Раҳмон Каримовҳо раҳрави ҷодаи бепоёни санъат гардиданд.

Бавижа, Ином ҳангоми дар мактаб хондан, ҳамзамон, дар мактаби санъати наврасони ноҳияи Деваштич рубобнавозӣ ва нозукиҳои дигари мусиқиро омӯхт. Азбаски ҳунару ҳунарварӣ дар хуни онҳо меросист, дар озмуну маҳфилҳои фарҳангӣ, аз ҷумла “Ғунчаҳои санъат”, аз наврасӣ фаъол буд. Соли 1989 дар фестивал-озмуни вилоятӣ бо сурудани Баёти 4 бо шеъри устод Рӯдакӣ сазовори ҷойи аввал гардид.

Ӯ дар ҷодаи санъат Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Турсунмурод Отабоевро аввалин устоди худ медонад ва ҳамеша аз ин марди дарёдил ба некӣ ёд мекунад. Бештари нозукиҳои санъати мусиқиро аз ин ҳунарвари закӣ омӯхт. Минбаъд соли 2001 ба хонаи фарҳанги ноҳияи Деваштич ба кор омада, ҳамчун роҳбари бадеӣ фаъолияти пурсамар дошт. Дар баробари пеш бурдани сарояндагӣ, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизро ҳамчун танбӯрнавоз хатм намуд.

Дар як маҳфили бошукӯҳ дар соли 2018 бо сурудани таронаи “Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме” ба назари сарвари ансамбли шашмақомсароёни “Нури Хуҷанд”, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов афтод ва ба ин дастаи ҳунарӣ даъват шуд. Ином Каримов ҳамеша мехост, ки дар ин ансамбли овозадор бошад ва аз сабақҳои устодони санъат, бахусус Ҷӯрабек Муродов, баҳравар гардад. Ҳамин тавр, ӯ то имрӯз яке аз мақомсароёни ин даргоҳи адаб аст ва донишу малакаашро дар илми мусиқӣ такмил медиҳад. Донишу таҷрибае, ки аз ансамбли шашмақомсароёни “Нури Хуҷанд” гирифт, барои Ином мактаби адабӣ шуд. Ҳамроҳи Абдумалик Турсунов соле пеш бори нахуст дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд консерти калон гузаронд. Ҳоло пайи омодагӣ ба консерт ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич аст.

Айни замон бародараш Раҳмон Каримов сарвари бахши фарҳанги ноҳия буда, фарзандонаш низ пайи ӯ рафтаанд. Ду писар овозхон ва навозандагони боистеъдоданд. Бовар дорем, ки насли нави ин хонавода ҳам барои санъати тоҷик саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Б. БАҲОДУР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД