Парвиз, ки аз ҳама тарсончак буд, тоқати нигоҳи хунгирифта ва аламдори падарро накарда, ба гиря даромад.
Ӯ бо тамоми бадан меларзид ва бо овози баланд нола мекард:
- Амак, моро накушед. Моро бубахшед. Ин ҳама кори Осим буд. Осим гуфт, ки ин духтарро ба мошин шинонем, касе намебинад.
Полвон-амак ба замин нишаст, сарашро бо ду дасташ гирифт ва бо овозе, ки бештар ба нолаи як шери захмӣ монанд буд, пурсид:
- Рости апро гӯед, вагарна бо ҳамин дастҳоям пӯстатонро зинда ба зинда меканам.
Рустам, ки аз тарс лабҳояш кабуд шуда буданд, асли воқеаро нақл кард:
- Амак, ӯ хеле гиря кард. Бо нохунҳояш рӯйи худро меканд. Зора мекард, ки раҳояш кунем. Ӯ ба мо мегуфт: “Шумо ҳам бародар доред, шумо ҳам хоҳар доред, маро ба назди дадоям баред, дадоям ба шумо пул медиҳад”. Вақте ки мо ба ӯ он ҳабҳоро маҷбурӣ хӯрондем ва беҳол шуд, то лаҳзаи охирини аз ҳуш рафтанаш фақат як калимаро такрор мекард - “дадаҷон, маро наҷот деҳ, дадаҷон!”.
Ин калимаҳо мисли ханҷари заҳролуд ба дили Полвон-амак халиданд. Хуни падар ба ҷӯш омад. Ӯ ба ёд овард, ки чӣ тавр духтараш ҳамеша пас аз кор омадани ӯ давида, худро ба гарданаш меовехт ва “дадаҷон” мегуфт. Гулзира дар он шаби даҳшатбор, вақте ин се ҳайвони касиф номуси ӯро поймол мекарданд, зери азобу шиканҷа бо умед номи дадояшро мегирифт, аммо дадояш дар хона бехабар нишаста буд.
Полвон-амак дигар худро дошта натавонист. Мӯйсафед мисли кӯдаки хурдсол ба фарши дача сар гузошта, бо тамоми овоз гирист. Ашки падар фаршро тар мекард. Ин ашки андӯҳ, ашки нотавонӣ ва ашки сӯзиши ҷигар буд.
Пас аз як соати гиряву нола, Полвон-амак аз ҷояш бархост. Чашмоне, ки ҳамеша меҳрубон буданд, акнун ба ду чашми бераҳм ва сард табдил ёфта буданд. Ӯ ба сӯйи Осим, Рустам ва Парвиз нигоҳ кард, ки аз тарс мисли бед меларзиданд ва танҳо илтиҷои марги осон мекарданд.
Ҳангоми кофтукови ҷайбҳои қотилон Баҳром аз даруни ҷузвдони Осим як кӯлоҳи хурд ва як ҷуфт гӯшвораи тилоиро пайдо кард. Вақте Полвон-амак ин гӯшвораҳоро дид, дилаш якбора реш-реш шуд. Сад фоиз шинохт, ин гӯшвораҳоро худаш дар рӯзи таваллуди 15-солагии Гулзира ба ӯ туҳфа карда буд.
Осими касиф ин гӯшвораҳоро аз гӯши духтараки беҷон канда гирифта, ҳамчун ёдгорӣ ва туҳфа барои дӯстдухтари русаш ба ин ҷо оварда буд.
Полвон-амак гӯшвораҳоро ба даст гирифт, ба чашмонаш молид ва онҳоро бо ашки хунини худ шуст. Сипас ба сӯйи Осим омад, гӯшвораро дар назди чашмони ӯ нигоҳ дошта, бо овози баланд фарёд зад:
- Ту инро аз гӯши духтари охирати ман канда гирифтӣ, ҳа, бадзот?
Полвон-амак бо дастони худаш Осими маъюбшударо чунон латукӯб кард, ки дандонҳои ӯ ба фарш рехтанд. Ин лаҳзае буд, ки тамоми андуҳ ва хашми як падари ҷигархун ба як қувваи даҳшатнок табдил ёфта буд.
Полвон-амак ба ҷавонони ҳамроҳаш ишора кард. Баҳром як пизишки боэътимоди собиқи ҳарбиро, ки бо худ асбобҳои ҷарроҳӣ дошт, вориди хона намуд. Се авбош вақте асбобҳои тиббӣ ва пичир-пичири духтурро шуниданд, фаҳмиданд, ки чӣ ҷазое дар пеш аст. Онҳо ба даҳшат афтода, бо тамоми овоз фарёд мекашиданд ва тавба мекарданд:
- Полвон-амак, моро бикушед, тир занед, аммо ин корро накунед!
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН