Gazprom july 2025
Ба “алфонс” ошиқ шуда, ҳаётамро сӯхтам
19.08.2025
Oila.tj
941

 

Ман як зани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда, мехоҳам саргузаштамро нақл карда, аз дигарон маслиҳат бипурсам.

Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, бо ишқу муҳаббат хонадор шудаем. Пеш аз тӯй ба қавли мардум Лайлию Маҷнуни ҳақиқӣ будем. Шавҳарамро ку намедонам, вале ман ӯро ҳатто аз ҷонам бештар дӯст медоштам. Аз ҳамин сабаб ба камбағалияшон нигоҳ накарда, ду поямро ба як мӯза андохта, падару модарамро маҷбур кардам, ки ба издивоҷам бо ин сағераи почаканда розигӣ диҳанд. Волидонам ночор хостгории онҳоро қабул карданд ва аз ҳисоби худашон тӯйи осмонкаф ороста, сари моро ҷуфт карданд, аммо...

Азбаски ман дар оила як духтар ва эркаю нозпарвард будам, дар хонаи падарам ҳамеша гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшидам. Барои он ки баъди шавҳар кардан дар хонаи хусуру хушдоманам аз чизе камбудӣ надошта бошам ва дар зиндагӣ азоб накашам, баъди тӯй волидонам халта-халта чизу чора фиристода, рӯзгори хушдоманамро пурра таъмин мекарданд. Шавҳарам зиндагии серу пурро дида, чунон эрка шуд, ки дасташро ба оби тар назада, рӯз то бегоҳ телефонбозӣ карда мешишт ё бо ёру ҷӯраҳояш кайфу сафо карда мегашт.

Беҳуда дар урфият “чашми ошиқ кӯр аст” намегуфтаанд, мани сода аз рӯйи меҳру муҳаббати бепоёне, ки нисбат ба шавҳарам доштам, ӯро ҳамеша хурсанд карданӣ шуда, ҳар гоҳ, ки ба хонаамон равам, барои шавҳару хушдоманам куртаву сарулибоси қиматбаҳо ва ширинию хӯрокҳои бомазза меовардам.

Хулоса, то даме, ки падарам кор мекарданд, таъмин кардани зиндагии ману фарзандонам пурра бар дӯши он кас буд ва боре ҳам лаб кушода намегуфтанд, ки то ба кай ман шумоёнро мехӯронаму мепӯшонем, вале баъди ба нафақа баромадан рӯйирост гуфтанд, ки минбаъд ба умеди он кас нашавем, чунки дигар он имкониятҳои пештараро надоранд ва кумак карда наметавонанд, зеро худашон акнун дастнигари писарҳо шуда мондаанд...

Баъди он ки кумаки моддиву иқтисодӣ аз хонаи волидонам кам шуд, муносибати аҳли оилаи шавҳарам бо ман бад шудан гирифт. Шавҳарам дар ҳар сари қадам маро таъна мекунад, ки падару модарат ҳар рӯз гӯштбирён мехӯранду фикри духтарашонро намекунанд. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки мардак, ҳамин қадар сол падарам моро таъмин карданд, синну соламон акнун аз чил гузаштаасту то ба ҳол ба дасти пиру кампир нигоҳ кардани мо айб аст, миёнатонро маҳкам баста, мисли дигар мардҳо аз паси зиндагӣ шавед, шавҳари муфтхӯрам инро фаҳмидан намехоҳад. Вай бешармона ҳамсояҳои сарватмандамонро мисол оварда мегӯяд, ки фалонӣ барои домодаш мошин хариду бисмадонӣ ба духтараш хона туҳфа кард, падари ту чӣ кор кардааст...

Аз ин кору кирдори шавҳарам дилмонда шуда, «наход мард занро ба хотири дороии падараш интихоб намояд?» гӯён, ашки пушаймонӣ мерезам, аммо дигар суде нест.

Пештар “алфонс”-ҳоро танҳо дар кино медидам, акнун боварӣ ҳосил кардам, ки нафаҳмида риштаи тақдирамро бо як “алфонс” пайвастаам. Шавҳарам маро ба хотири дороии падарам ба занӣ гирифта будаасту мани сода гумон мекардам, ки дӯстам медорад.

Беномусию бекорхӯҷагию танбалии шавҳарам ва ғурбати модараш ба дилам задааст, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

З., сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД