Салом! Ман аслан аз шаҳри Тунсунзода ҳастам, вале чанд муддат бо аҳли оилаамон дар шаҳри Душанбе иҷоранишин будему дар ҳамин ҷо бо Симина ном духтаре шинос шуда, ошиқи зораш гаштам. Муддати 8 моҳ то соати 12-и шаб телефонӣ суҳбат мекардем. Симинаро чунон дӯст медоштам, ки ишқаш кӯрам карда буд, вале...
Модараш аз ишқи мо бохабар шуда, хост моро аз ҳам ҷудо кунад, ман бошам, асло аз ишқи Симина даст кашиданӣ набудам. Модару хоҳарамро ба хостгорӣ фиристода, ҷиддӣ будани мақсадамро баён кардам, аммо ҷавоби рад доданд.
Хулоса, Симина аз тарси падару модараш худро аз ман оҳиста-оҳиста дур кард. Дар ин муддат мо кӯчида, ба шаҳри Турсунзода рафтем. Ман ҳамоно ӯро дӯст медоштам, шабҳои дароз ба шаҳр рафта, дар гирди хонаашон мегаштам, то боре дидорашро бубинам.
Рӯзе дар ҷои кор будам, ки Симина занг зада, маро ба тӯяш даъват кард. Ҳолати онрӯзаи худро тасвир карданам душвор аст. Дилам ба содагиву муҳаббати покам месӯхт. Симина бо шавҳараш ҳатто 1 сол зиндагӣ накарда, ҷудо шуд. Баъд аз чанд рӯзаш додарамро дар шаҳри Душанбе дида, рақами телефони маро гирифта, ба ман занг зад.
Вақте бо Симина вохӯрдам, хоҳиш намуд, ки ӯро ба занӣ гирам, вале ман наметавонистам бо зани шавҳардида издивоҷ кунам. Чанд муддат маро думболагир шуд, вале бо азобе аз ӯ худро халос кардам. Ҳоло Симина ба роҳи бад рафтааст. Борҳо ӯро бо мардҳои калонсолу пулдор дидам. Дилам ба ӯ месӯзад, вале ба ҳамааш худаш гунаҳкор аст.
ВАЛИҶОН