Arzon march 2024
Ба Душанбе дастгоҳи нави тиббӣ оварданд
557

 

Ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дастгоҳи нави ангиоҷет оврада шуд. Дастгоҳи мазкур дар ташхису табобати бемории дил хеле муҳим буда, кори табибонро осон месозад.

Вазифаи асосии дастгоҳ аз он иборат аст, ки бидуни ҷарроҳӣ ва буриши бадани бемор, бе истифода аз беҳискунии умумӣ тавассути сӯрох намудани раги хунгард ба мавзеи басташудаи шараён рафта мерасад. Ҳамин тавр ба атрофи хунҳои лахташуда таҳти фишори ниҳоят баланд маҳлул фиристода мешавад. Дар натиҷа хунҳои лахтае, ки шараёнро бастаанд, мулоим шуда, тавассути сӯрохи дигар бо истифода аз фишори манфие, ки ин дастгоҳ доро мебошад, кашида гирифта мешаванд ва раги хунгард барқарор мешавад.

Ин дастгоҳ ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳоро осонтар хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД