arzon replenishment
Ба хоби зан даромадани шавҳари ҷавонмаргаш чӣ таъбир дорад?
2627


Салом! Шавҳарам 10-сол пеш дар синни 30-солагӣ ҷавонмарг шуд. Азбаски мо фарзанд надоштем, ба хотири аз дунё бе ному нишон нагузаштан чанд сол пас ман ба марди дигар ба шавҳар баромадам ва ҳоло ду кӯдак дорам.

Шавҳари якумамро сахт дӯст дорам ҳам, ҳеҷ гоҳ ба хобам намедаромад. Аҷибаш он аст, ки баъди 10 сол, шаби гузашта шавҳари раҳматиамро хоб дидам. Дар хобам ӯ бо ман хайрухуш карда ба куҷое рафтан мехост ва ман зор-зор гиря карда, зорӣ менамудам, ки наравад. Аз хоб бедор шуда, сахт нороҳат гаштам, зеро мегӯянд, ки мурдаро хоб дидан нишонаи наздик будани марги шахси хобдида аст. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!
Мастура аз шаҳри Хуҷанд

Посух
Фикрҳои мағшушро аз саратон дур созед, хоб дидани шавҳари раҳматии худ барои зан фоли бад ва нишонаи марг ё беморӣ нест. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, сарфи назар аз чандсола будани зан хоб дидани шавҳари раҳматиаш нишонаи он аст, ки ин зан худро дар зиндагӣ яккаву танҳо эҳсос мекунад. Зане, ки чунин хоб мебинад, фикр мекунад, ки ӯ дигар ба касе лозим нест. Вай ба дилбардорӣ, суханони ширин, маслиҳату машварат ва дастгирию пуштибонии наздиконаш ниёз дорад, вале инро ошкоро гуфта наметавонад.
Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки ба хоби зан даромадани шавҳари раҳматиаш нишонаи батамом канда шудани муносибати ӯ бо гузашта мебошад. Зане, ки чунин хоб мебинад, дар ҳаёташ саҳифаи нав боз шуда, хотироти талхи гузаштаро ба пуррагӣ фаромӯш мекунад.
Аммо ғайбдони машҳури олам Ванга хоб дидани шавҳари раҳматии худро барои зан нишонаи аз даст додани пули калон номидааст. Эҳтимоли хароҷот кардан барои харидани техника, мебел ва дигар чизҳое, ки қаблан ба нақша нагирифта будед, вуҷуд дорад. Ванга таъкид кардааст, ки ин хароҷотҳо бобарор гашта, зане, ки чунин хоб дидааст, молҳои хушсифатро бо нархи арзон дастрас менамояд.
Аммо тибқи хобномаи исломӣ ба хоби зан даромадани шавҳари раҳматиаш нишонаи он аст, ки наздиконаш ба ӯ ниёз доранд. Эҳтимол шумо бо ташвишҳои рӯзмарраи худ саргардон шуда, ба пайвандонатон чандон аҳамият намедиҳед. Вақти он расидааст, ки барои аҳли оилаатон низ вақт ҷудо кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД