Ба 195 оилаи бар асари заминларза дар Рашт ва Тоҷикобод зарардида аз ҷониби ширкати “Тоҷиксуғурта” 483,5 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт карда шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ба 34 хонаводаи пурра зарардида дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, ба 72 хонаводаи қисман осебдида 2500 сомонӣ ва ба 89 оилаи зарари сабук дида 1500 сомонӣ кумак расонида шудааст.
Кумакҳои мазкур дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуда, ба 19 оилаи бесарпаноҳмондаи деҳаи Зарангаки ҷамоати Ҳиҷборак 2,8 гектар замин ҷудо карда шудааст. Бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ин минтақа идома дорад.