sebiston july new
Ба ҷоизаи "Оскар" номинаи нав ворид мешавад
464

Ба ҷоизаи Академияи илмҳо ва ҳунарҳои синамои амрикои "Оскар" аз соли 2026 сар карда номинаи нав ворид мешавад.

Акнун директорони кастинг, ки барои ҷоизаи мазкур кастинг баргузор мекарданд, қадрдонӣ мешаванд. Ба онҳо барои интихоби ҳунармандони арзанда ва гузаронидани беҳтарин кастинг аз рӯйи номинаи "Беҳтарин кастинг" ҷоиза тақдим мегардад.

Гуфта мешавад, ки ин ҷоиза бори нахуст ба ғолибони номинатсияи мазкур соли 2026 дар маросими 98-уми ҷоизасупории "Оскар" супурда мешавад.
Рӯйхати ин ҷоизаи ҷаҳонии синамо бори охир соли 2001 ҳангоми муаррифии "Беҳтарин филми аниматсионӣ" нав гардида буд.

"Оскар" як ҷоизаи синамоии амрикоӣ аст, ки соли 1929 таъсис ёфтааст. Маросими ҷоизасупорӣ ҳамасола дар шаҳри Лос-Анҷелес иёлоти Калифорния, дар театр «Долби» баргузор мегардад.

Маросими навбатии ҷоизаи “Оскар” аз 10-ум то 11 марти соли 2024 баргузор мешавад. Ҳоло аз рӯи шумораи овозҳо филми «Оппенгеймер» пешсаф аст.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД