sebiston july new
Ба писарам зӯран зани тоҷик диҳад?
27.05.2023
ОИЛА
1102


Соли 2001 бо шавҳару ду фарзандам ба Россия омада, бо азобу машаққат дар ин кишвар хона харидем. Боз пул ҷамъ карда, дар Тоҷикистон ҳам хона харидем.

Соҳиби як духтару як писар ҳастем, шукри Худо духтарчаам соҳиби оила ва фарзандони дӯстрӯяк аст, вале писарам як русдухтарро дӯст дошта, оиладор шуд. Духтар ҳангоми 15-сола буданаш таваллуд карда буд, вақте ки соҳиби ду фарзанд шуданд, ба тақдир тан дода, ба издивоҷи онҳо розӣ шудам.

Мо домулло оварда, онҳоро никоҳ кардем, вале духтар дини исломро қабул накард. Мехостам, ки яккаписарам бо ман зиндагӣ кунад, вале занаш нахост. “Ман бо падару модари ту зиндагӣ намекунам” гуфта, ҳоло дар хонаи алоҳида зиндагӣ доранд, писарам рӯз ба рӯз бемеҳр шуда рафта истодааст. Гоҳ –гоҳ агар худам пурсам, барои рӯзгор пул медиҳаду халос. Ба пириамон нигоҳ накарда, ману шавҳарам кор мекунему зиндагиро пеш мебарем.

Гоҳ-гоҳе, ки писарам бо занаш ба хонаамон меояд, ман мисли каниз ҳама корро худам карда, онҳоро меҳмондорӣ мекунам. Писару келинам “спасибо” гуфта, аз хона мераванд. Бовар кунед, чунин зиндагӣ ба дилам зад, гирифтори диабети қанд шудаам, аз гиряи зиёд фишорам низ баланд мешавад. Касе нест, ки дар кори хона ба ман кӯмак расонад. Чанде қабл аз писарам хоҳиш кардам, ки зани тоҷик гирад.

Гуфтам, ки ӯро бо умед калон кардам, зани тоҷик дигар аст, маро ҳамроҳӣ мекунад. Писари 33-солаам дар ҷавоб бо ман ҷангу ҷанҷол карда баромада рафт. Ҳар боре, ки дар ин бора ҳамроҳаш гап занам, таҳдид мекунад, ки даст ба худкушӣ мезанад. Ман бошам, аз тарс дарҳол хомӯш мешавам. Хонандаи азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Ба писарам чӣ гуна фаҳмонам, ки ба ман дастёр лозим аст, бе розигии ӯ ман келин карда наметавонам. Ба маслиҳати шумо ниёз дорам.
Хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шахноза 2023-05-27, 22:08
Апачон илтимос бачатон ки рози набошад ягон духтаро хостгори накунед чунки хайоти як дхтарт бечора месузад бахшишу.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шахноза 2023-05-27, 22:08
Апачон илтимос бачатон ки рози набошад ягон духтаро хостгори накунед чунки хайоти як дхтарт бечора месузад бахшишу.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД