arzon replenishment
Ба пули маҷбуран аз фарзандон гирифта ҳаҷ кунӣ, қабул мешавад?
851


Яке аз рукнҳои дини ислом зиёрати Хонаи Худо мебошад, ки бо назардошти шароит анҷом доданаш воҷиб мегардад.

Аммо имрӯзҳо баъзе падару модарон фарзандонашонро маҷбур мекунанд, ки шароити молиявӣ доранд ё надоранд, аз куҷое, ки набошад, пул ёфта, онҳоро бо зиёрати хонаи Худо фиристанд. Фаҳмидан мехостем, ки чунин амали волидон то куҷо аз нуқтаи назари ислом дуруст аст?

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ, Сардори Раёсати Фатвои ҶТ

Вақте фарзандон дар муҳоҷират заҳмат мекашанду ба падару модарашон маблағ равон мекунанд, агар худашон розӣ набошанд ва он маблағро ба волидон набахшанд, бо он пул ҳаҷ кардани волидон нодуруст аст. Дар чунин маврид розигии фарзандон ҳатмист. Вақте фарзанд барои оиладоршавӣ ё кадом нақшаи дигар маблағ ҷамъ карда бошад, падару модар ҳақ надоранд, ки аз маблағи ҷамъкардаи фарзандонашон ҳаҷ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД