sebiston july new
БА САДАМА ДУЧОР ГАШТАНИ ШАШ УЗВИ ОИЛА ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ -ХУҶАНД
3205

Дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”падар бо тифли хурдсолаш дар ҳангоми сарозер шудани автомобил аз баландӣ ба ҳалокат расиданд.
Ҳодиса рӯзи 1-уми августи соли 2020, тахминан соати 08:30-дақиқа рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ашуров Абдуалим Рустамович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 150-200 метр фаромада, чаппа шудааст” иттилоъ медиҳад ВКД.
Панҷ мусофир ва ронандаи дар дохили нақлиётбуда аъзои як хонавода буданд. Мутаасифона садама ба ғайр аз фавти 2-аъзои хонавода-Ашуров Абдуалими 40-сола ва Ашурзода Иброҳими тақрибан 1-сола боз 3 узви оиларо раҳсипори бемористон намуд.

“Инчунин, дигар мусофиронаш ҳамсараш, Холматова Саида Шамсидиновна, соли таваллудаш 1985, фарзандони ноболиғаш; Ашуров Исохон Абдуалимович, соли таваллудаш 2005, Ашурова Сумая Абдуалимовна, соли таваллудаш 2007, ва Ашуров.а Ҳалима Абдуалимовна, соли таваллудаш 2011, истиқоматкунадагони ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд”,-меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД