35 years of independency
Ба занони соҳибкор қариб 30 миллион сомонӣ гранти президентӣ дода шудааст
03.09.2026
Oila.tj
82

Бо мақсади ҷалби занону духтарон ба соҳибкорӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва созмон додани ҷойҳои нави корӣ ба бонувон қариб 30 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шудааст.

Тавре Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, аз соли 2006 инҷониб ба 1 ҳазору 185 нафар занон дар ҳаҷми 29 миллиону 802 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантӣ ҷудо карда шуда, дар ин замина 3 ҳазору 824 ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат соли 2006 барои бонувон 20 гранти президентӣ - 10 грант ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва 10 грант ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд ва то соли 2010 ҳамасола занони соҳибкор соҳиби 20 грант мегаштанд.

Аз соли 2011 то 2013 барои грантҳои президентӣ ҳамасола аз буҷаи давлат 1 миллион сомонӣ барои 40 лоиҳаи мақсаднок ҷудо мешуд.

Соли соли 2013 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва маблағи он аз 1 миллион сомонӣ ба 2 миллион сомонӣ расонида шуд.

Аз соли 2016 то соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ ба 480 нафар занон дар ҳаҷми 12 миллиону 500 ҳазор сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо мешуд. Дар ин давра беш аз 6200 нафар занони хонанишин бо ҷойи нави кор таъмин ва ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Бо ташаббусу ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии минбаъдаи соҳибкории занон соли 2024 маблағҳои грантӣ аз 2,5 миллион сомонӣ ба 5 миллион сомонӣ расонида шуданд. Барои ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкорию ҳунармандии занон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 адад ва 15 миллион сомонӣ расонида шуданд. Яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки грантҳои президентӣ дар мамлакат дар рушди соҳибкории занон ва таъмини ҷойи нави кор барои занону духтарон нақши муҳим доранд. Теъдоди занони соҳибкор дар сатҳи ҷумҳурӣ ба 108 ҳазору 707 нафар расидааст. Дар даҳ соли охир, яъне солҳои 2015–2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилоти қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.

Фароҳам овардани шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ҷойи нави кор, рушди хоҷагиҳои ёрирасон ва ҷалби занон ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД