Баъди 19 бозии бебохт “Арсенал” дучори шикаст гардид
08.12.2025
Oila.tj
66

Дар доираи бозиҳои даври 15-уми Премйер-Лигаи Англия дастаҳои “Астон Вилла” ва “Арсенал” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи "Вилла Парк"-и шаҳри Бирмингем баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 хотима ёфт. Питер Бенкс ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият намуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар дақиқаи 36-уми бозӣ Мэтти Кэш ҳисобро ба фоидаи “Астон Вилла” боз намуд. Леандро Троссард дар дақиқаи 52-юм таносубро баробар кард. Дар дақиқаи 90+5-уми бозӣ Эмилиано Буэндиа голи ғалабаоварро барои “Астон-Вилла” ба самар расонид.

Барои “Арсенал” ин бохти аввал дар 19 бозии охир дар ҳама мусобиқаҳо мебошад. "Тӯпчиён" рӯзи 31-уми август дар бозии даври 3-юми Премйер-Лига аз "Ливерпул" бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб шуда буданд ва аз он вақт инҷониб ягон бозиро бо бохт ба анҷом нарасониданд.

Ёдовар мешавем, ки новобаста аз бохт “Арсенал” бо 33 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад. “Астон Вилла” бо 30 имтиёз дар зинаи сеюм аст.

Дар даври 16-ум “Арсенал” бо “Вулверҳэмптон” рӯзи 14-уми декабр дар хона бозӣ мекунад. “Астон Вилла” дар ҳамин рӯз дар сафар бо “Вест Ҳэм” дидор анҷом медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД