Имрӯз дар толори калони Иттифоқи нависандагон бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва ҳунармандон ширкат доштанд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим меҳмононро хушомадед гуфт ва маҳфил бо баромади сарояндаи шинохта Саидқул Билолов оғоз гардид.
Зимни ҳамоиш шоирон, аз зумраи Аскар Ҳаким, Гулрухсор Сафиева, Камол Насрулло, Давлат Сафар ва дигарон баромад намуданд ва ёд аз шоири сулҳпарвар Мирзо Турсунзода намуданд.
Дар ҷараёни маҳфил ровии маҳбуби тоҷик Фирӯз Умаров қироати шеър намуд ва сарояндагон Хуршед Иброҳимов, Фурқати Саид сурудхониву табъи ҳозиринро болида карданд.