Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона баргузор гардид
24.11.2025
Oila.tj
85

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, дар ҳамоиш зиёда аз 20 ҳазор нафар масъулин ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, вазорату идора ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намудаанд.

Таъкид карда мешавад, ки ҳамасола сокинони Душанбе ин рӯзи босаодатро бо дастовардҳои тозаю муваффақияти пайдарпай истиқбол мегиранд. Парчами давлатӣ нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии халқамон ба шумор меравад.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД