Commerc banl
Бахти гунги Марҷона (ҚИСМИ 11)
08.03.2026
А. ҲОҶӢ
681

То субҳи дигар зану шаваҳар гӯё ҷангӣ бошанд, ба ҳамдигар гап намезаданд ва ҳар кадоме бори ғами худро ба танҳоӣ мекашид. Мисли ҳаршаба, бо Умеда бозӣ ҳам накарданд ва духтарча низ чизеро эҳсос кардагӣ барин, ба онҳо наздик нашуда, хобаш берун аз ҷойгаҳ бурд. Марҷона духтарчаашро болои даст гирифта, боэҳтиёт ба ҷойгаҳаш гузошт ва ин дам қатраи ашке аз чашмаш ба рухсораи Умеда хобида чакид, ки ӯ аз ин нороҳат шуда, сарашро ба ду тараф ҷунбонд ва гӯё бо ҳамин ашки модарро аз худ дур карданӣ буд...

Маҷрона субҳ, пас аз шаби бехобӣ камтар ғанаб кард, аммо хоболуд овози Давлатро шунид, ки мегуфт:

- Хез, духтаратро ба назди духтури шинос мебарем, ки ӯ чӣ мегӯяд...

Бори аввал шавҳараш номи Умедаро нагирифта “духтарат” гуфт, ки ин ба ӯ хеле бад расид. Аммо ӯ бо азоб сарашро аз болишт бардошта истода гуфт:

- Чӣ лозим, вақте ки ҳамааш маълум аст...

Давлат дид, ки занаш аз ӯ ранҷидагӣ барин шудааст, бо меҳрубонӣ такрор кард:

- Хез, занакҷон, “аз ноумедиҳо басе умед ҳаст” гуфтаанд...

Шумхабар

...Дӯсти наздики Давлат, доктори маркази ташхис ва духтури бачаҳо Саримсоқов пас аз муонаи Умеда, Давлатро ба кабинети худ даъват намуда гуфт:

- Дӯстам, ин духтарчаат пас аз таваллуд кару гунг шудааст ва минбаъд ҳаргиз на шунаво мешаваду на гӯё. Зеро ин ношунавоию гунгии ӯ дар натиҷаи зарбаи зеҳние ва ё табиие ба амал омадааст ва маъмулан чунин беморон шифо намеёбанд. Барои он, ки ту ба ин боварӣ ҳосил кунӣ, боз як бор ба мутахассиси ин беморӣ во хӯрданат лозим... Ман нишонии ӯро медиҳам. Як бори дигар аз назди ӯ гузар.

...Вақте, ки Давлат аз кабинети доктор Саримсоқов берун шуд, дид ки дар пушти дар Марҷонаю Умеда интизори ӯ ҳастанд. Чашмони умедвори Марҷона ба шавҳараш дӯхта шуда буданд, вале Давлат ҳанӯз сухане ба забон наоварда, аз ваҷоҳати ӯ фаҳмид, ки дарди Умеда бедавост. Ӯ духтарчаро сахт ба оғӯш гирифта аз ҷояш бархост ва ба Давлат бо аламати пурсиш, ки маънои “Акнун рафтем?”-ро дошт, нигоҳе карду ба тарафи баромадгоҳ равон шуд...

Дар чорсӯи зиндагӣ

- Акнун чӣ кор мекунем? Беҳтар мешуд, ки ҳамон рӯз ба милитсия хабар медодем,- гуфт Давлат ба ҳамсараш дар саҳни беморхона.

- Не, ман духтарамро ба ҳеҷ кас намедиҳам. Охир ӯ чӣ гуноҳ дорад? Чӣ хел дилат мешавад, ки чунин суханҳоро ба забон орӣ? Бигӯ, ин тифлаки биҳиштӣ дар ин дунё ба ғайр аз ману ту боз кӣ дорад? Худованд чӣ мегӯяд, мегӯяд ки чаро аввал ӯро наҷот додеду акнун боз ба дами маргаш мефиристед?

Давлат, ки ба гуфти худаш, як гапро гуфта, ҳоло ба бало монда буд, акнун ба гуфтаҳои занаш, ки овозаш аз байни гиряаҳояш базӯр шунида мешуд, ноилоҷ худ ба худ иқрор мешуд, ки Марҷона ҳақ аст.

Аммо ӯ намедонад, ки дар оянда ин духтари кару гунгро чӣ хел калон хоҳад кард. Чун ҳамаи хешу ақрабо медонистанд, ки Умеда духтари онҳо нест, пас аз ошкор шудани карию гунгии вай ба Марҷонаю Давлат маслиҳат медоданд, ки ӯро ба сағирхона ва ё ягон ҷое ки махсус барои кӯдакони ҷисман носолим муайян шудааст супоранд.

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД