Commerc banl
Бахти гунги Марҷона (ҚИСМИ 4)
01.03.2026
А. ҲОҶӢ
235

Ду чароғи мошин ба мисли ду чашми хирабин аз қабати барфи боридаистода намоён шуда, ба поин ба тарафи шаҳр оҳиста ҳаракат дошт. Баъзан чархҳои “Москвич” ба чуқурию ноҳамвориҳои роҳ, ки онро барфи баланд ба назар ҳамвор карда нишон медод, дармемонд, вале маҳорати ронандагии Давлат ӯро ба зудӣ боз ба роҳ рост мекард.

Марҷона аз он, ки шавҳарашро барои ба ин ҷо омадан маҷбур карда буд сахт пушаймон шуд. Онҳо аз Сароб то қарибии шаҳр байни ҳам ягон калима раду бадал накарданд, зеро ҳама гап гуфта шуда буд ва дигар ҳоҷат ба шарҳу баён намонда...

Вақте, ки ба даромадгоҳи шаҳр расиданду чароғҳои равшани кучаҳо боридани барфро боз ҳам ба чашм зеботар нишон медод, субҳ қариб наздик шуда буду дар ҷодаҳо ягон-ягон мошин ба назар мерасид. Ин дам як туда сагҳои дайду роҳи мошин Давлатро бурида ба тарафи дигари кӯча гузаштанӣ шуданд ва ӯ бори аввал дар ин сафари мушкил тормозро пахш кард. Мошин дар рӯи роҳи лағжонак як чарх заду якпаҳлу омада ба ҷуйбори калон бархӯрд ва ҳарчанд Давлат газ медод, аммо чарх дар ҷояш гирд мегашту мошин аз ҷӯи яхбаста баромаданӣ набуд. Ӯ моторро хомӯш кард ва аз дил гузаронд, ки бе кӯмаки беруна “Москвич”-ро аз ин варта баровардан имкон надорад. Ӯ хост, аз берун то кадом андоза “часпидани” мошинаро фаҳмад ва дарро боз намуда, ҳавои сардро ба он ворид намуд. Дар берун ҷуз аз вазиши шамоли изғиринг дигар чизро шунидан мумкин набуд. Аммо ин шамол ба гӯши Давлат боз як садои дигареро ҳам овард, ки ӯ баробари шунидани он беихтиёр ларзид. Ин садои гиряи кӯдак буд ва аз ҳамон самте, ки сагҳо чанд лаҳза пеш мошини Давлатро қариб ба садамаи вазнин дучор карда буданд, меомад. Давлат кулоҳашро аз сар гирифта, дубора гӯш ба қимор шуду боварӣ ҳосил намуд, ки ин садои шамол нест. Ӯ саросемавор ба ҷое, ки он ҷо партовҳоро ҷамъ меоварданд, наздик шуд ва он чизе, ки ӯ дид, Давлатро моту маҳбут кард...

... Он ҷо, дар назди қуттии ахлотпартоӣ сумкае мехобид, ки одатан онро занҳои савдогар барои ҷой кардани латтаворӣ истифода мебурданд ва молу колои худро тариқи чунин борхалтаҳо аз ҷое ба ҷое интиқол медоданд. Чунин борхалтаҳои муҳлати истифодаашон ба охир расида ва корношоям шударо сари ҳар қадам дар партовҷойҳо дидан мумкин буд, аз ин сабаб Давлатро дидани чунин халта ба ҳайрат наовард. Аммо ӯ дид, ки халта ба ҷунбиш даромад ва аз дохили он аввал мингоси сагбачае шунида шуду сипас сари хурдакаки он намоён гардид. Сагча аз шиддати сардии ҳаво дарақ-дарақ меларзид ва мисли барф сап сафед буд. “Ин Барфакро дар ин ҳавои сард кӣ ин ҷо партофта бошад?” - дар як лаҳза аз сараш ин андешаро гузаронид Давлат, ки аз хурдсолӣ сагу гурбаро дӯст медошт ва Алопари онҳо соли гузашта аз пирӣ фавтида буду то ҳол ӯ дилаш намешуд, ки ба ҷои вай ягон саги дигареро ба хонааш орад. Тавре ҳама мегуфтанд, вай “однолюб” (яктодӯст) буд ва ҳамин хислаташ имкон надод, ки ӯ ба хотири фарзанд шуда ба болои Марҷона зани дигар гирад. Аммо баробари дидани ин сагбача дилаш хеле нарму асабаш ором шуд ва худ ба худ фикр кард: “Агар ҳоло ин сафедакро ба Марҷона барам, шояд хурсанд шаваду андешаҳои мағшуш аз сараш дур шаванд...” Чунин фикр дар сар, ӯ ба борхалта наздик шуда, хост сагбачаро ба даст гирад. Вале ин дам гӯё барқ зада бошад, дар ҷояш шах шуда монд.

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД