Умеда
... Ҳарду хомӯш монданд. На зан, пас аз хондани ин мактуб ва на шавҳар сухане ба забон намеоварданд ва саволе низ дар зеҳнашон пайдо набуд. Зеро ба ҳамаи саволҳо дар мактуби духтари ношинос ҷавоб буд ва ниёз ба такрори онҳо нест. Инак, Марҷона ва Давлат бояд ба саволи он зан ҷавоб медоданд, ки минбаъд бо ин тифле, ки дар ин нимашабӣ Худованд барои ҳалли тақдираш ба онҳо ҳавола карда буд, чӣ коре хоҳанд кард...
...Пас аз сукути тӯлонӣ, ки онро танҳо нафаскашии акнун оромонаю бамароми тифл, ки пас аз расидани гармӣ ба баданаш ва хӯрдани андаке шире, ки онро шояд модараш ба шиша гирифта дар паҳлуяш гузошта буду акнун онро Марҷона гарм карда ба кудак дода буд, аввалин шуда Давлат ба сухан оғоз кард:
- Марҷона, ман шояд аввал танҳо раваму баъд аз он, ки масъаларо фаҳмондам, ба ту телефон кунам, кудакро гирифта равӣ беҳтар нест? Зеро духтарча дар ин ҳавои сард дар берун шамол хурданаш мумкин...
- Ту ба куҷо рафтанӣ Давлат?
- Ба куҷо мешуд, албатта ба ШКД-дия... Охир соҳибони духтарчаро пайдо кардан лозим ...
- Магар он мактуберо, ки бароят хондам, худам сохтам? Ту нашунидӣ, ки соҳиби ин тифлак чӣ мегӯяд? Мегуяд, ки агар дар ин бора ба касе ё сохторе гуеду онҳо маро ёбанд, ҳатман худкушӣ мекунам. Ё ту мехоҳӣ, ки зомини хуни як ҷавондухтар шавӣ? Аз Худо тарс Давлат!
Марҷона ин суханонро бо оҳанге мегуфт, ки ҳатто ба рад кардани он Давлат ҷуръат накард, вале пас аз андак сукут гуфт:
- Майлаш, гапат дуруст, аммо ба мардум чӣ мегӯем? Мегӯем, ки Марҷона дар як шаб ин духтарчаро нӯҳмоҳа намуда таваллуд кард?
- Охир хешу табор ва ҳамсояҳоямон медонистанд, ки агар зани ҷиянат боз духтар таваллуд кунад, ба мо медиҳад. Инро ҳама медонист ку...
- Аммо ӯ надод ва ин чизро низ мо пинҳон карда наметавонем...
- Ман намедонам, чи хел мекунӣ, вале ман ҳаргиз Умедаро ба касе намедиҳам!
- Номашро аллакай Умеда мондӣ?
- Ман не, мо то ба дунё омадани духтарчаамон монда будем ку...Аз ёдат аллакай баромад?
Давлат бо сари хам аз ин тараф ба он тарафи хона қадам мезаду илоҷ меҷуст...
Илоҷи воқеа дар куҷост?
... Давлат дар андешаи он буд, ки мабодо масъулон огоҳ шаванд, ки ӯ духтарчаеро аз куҷое овардааст, магар ӯро ба одамрабоӣ муттаҳам намекунанд? Агар ба онҳо дар бораи чӣ тавр ба дасташ афтодани Умеда гӯяду онҳо аз паи ёфтани модари духтарча шаванд, ва он чиз ки сохторҳо ӯро ҳатман меёбанд ҷои шубҳа нест, он гоҳ ӯ зомини хуни як ҷавондухтар мешавад. Чӣ кор кунад, ки “на сих сӯзаду на кабоб?”
Аз тарафи дигар, магар дар он шаб ин тӯҳфаи худовандӣ ба ваю Марҷона набуд? Охир маҳз дар ҳамон шаб ва маҳз пас аз он, ки онҳоро зани Дилшод ноумед кард, пайдо шудани Умеда бесабаб аст? ...
Давлат дарёфт, ки ин бори дуюм аст, ки худаш нафаҳмида номи навзоди пайдошударо чун Марҷона “Умеда” мегӯяд ва...
Ва ба хулосае омад, ки ҳарчи бодо бод, Умедаро ба ҳеҷ кас намедиҳад! Бигзор суд кунанд, бигзор ҳабс кунанд, аммо ҳаргиз духтарашро ба касе намедиҳад ва ин номаи зани ношиносро, ки аз баҳри фарзандаш гузашта буд, чун далели шайъӣ нигоҳ медорад...
(Давом дорад)
А. ҲОҶӢ