Commerc banl
Бахти гунги Марҷона (ҚИСМИ 9)
06.03.2026
А. ҲОҶӢ
636

Нақшаи Давлат

Вақте, ки Давлат аз дарвозаи ҳавлӣ берун шудани Марямро дид, аввал дар танҳоӣ мисли кӯдакон чархзанон рақсиду баъд аз дари хонае, ки он ҷо Умедаю Марҷона буданд, даромада истода гуфт:

- Пас аз даҳ дақиқа тамоми гузар медонад, ки зани ҷияни Давлат ду духтарча таваллуд карда, якеашро барои тарбия ба тағояш Давлат ва занаш Марҷона додааст. Ураа... Зинда бод рекламаи бепул - холаи Марям!...

- Эй бас кунед, мардак. Охир Умеда аз хобаш бедор мешавад... Вай рекламаи чист? Дар берун кӣ буд?

- Акнун хезад, хестан гирад, вай духтари қоннунии ману ту шуд. Роҳашро ёфтам...

- Чӣ хел?

- “Чӣ хел? Чӣ хел?” Ана ҳамин хел... Ин хел шавҳари боақлро дигар аз куҷо меёбӣ, занак? - ҳазл кард Давлат ва минбаъд бо оҳанги ҷиддӣ идома дод, - Ману ту имшаб ба деҳаи Дилшод рафта, аз он ҷо духтарчаашро ба фарзандхонӣ қабул кардем ва зану шавҳар розӣ шуданд, ки духтаршонро ба мо диҳанд. Инро ҳамаи гузарамон медонад...

- Охир духтарашро надод ку?

- Дод, бо ду дасти адаб яке аз ду духтари навтаваллудкардаашро дод... Фаҳмидӣ?

Марҷона чанд дақиқа ба фикр фурӯ рафта, оқибат фаҳмид, ки шавҳараш чӣ гуфтан меоҳад ва дасташро ба гардани Давлат ҳалқа карда истода, гуфт:

- Мардакҷони ман на танҳо донотарин мард, балки меҳрубонтарин падар ҳам мешавад, - ва баъд гардани Давлатро сар додаистода андешамандона гуфт:

- Агар зани Дилшод розӣ шаваду инро тасдиқ кунад...

- Чӣ магар Умедаи моро ӯ зоидааст, ки розӣ намешавад?

Ғарқи орзуҳо

...Баъд аз ин зану шавҳар ҳарду ба симои духтарашон нигариста, ҳар замон бо меҳр нигоҳашон ба ҳамдигар меафтид ва ғайриихтиёр табассум мекарданд Шояд онҳо пас аз арӯсии худ бори аввал худро чунин хушбахт эҳсос мекарданд...

Умеда бошад, чашмони зебояшро боз карда, бо модараш бо аломате, ки гӯё гуфтан мехост, ки ”Эй модар, ту то ин дам дар куҷо будӣ, ки ман хунук хӯрдаму гурусна мондам?” Ӯ лабонашро мисли он, ки сина мемакида бошад, ба ҳам ҷавс карда, ба ҷунбондан сар кард.

Давлат инро дида, ба Марҷона нигаристу бо ҳазл чун кудакон овоз баровард:

- Очаҷон, ман гулушна мондам, ба ман шил деҳ...

- Ҳозир шир медиҳам, - гӯён Марҷона аз ҷояш сабук бархоста, шири гармшударо ба шишаи пистонакдор андохту ба даҳони кудак гузошт. Умеда бо ҳирси тифлона ба он часпида, ба хӯрдан оғоз кард. Шир аз ду дарафи лабони он шорида, ба гиребони куртачааш мерехт ва ҳарду ғарқи тамошои ин манзараи хандаовар шуданд. Сипас, Марҷона бо оҳанги фармон, вале шӯхиомез аз номи Умеда ва гӯё бо забони ӯ ба Давлат гуфт:

- Дадаҷон, танбалӣ накунеду аз ҷоятон балхеста, барои ман пампелс ва култачаю шили нави магажин халида биёлед... Фаҳмидед?

- Фаҳмидам. Боз барои зиёфати мардуме, ки ба табрикамон меоянд, бояд шираю шарбат ва асбоби оши палов омода кардан лозим, ҳамин хел не, духтараки ширини ман?

- Майлаш, дадаҷон, - зану шавҳар худашон бехабар аз забони Умедаашон бо ҳамдигар гап мезадагӣ шуданд. Ин лаҳза онҳо гӯё мехостанд ғубори бефарзандии чандинсолаашонро бароранд...

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД