Меҳр дар чашм аст
Тӯли 15 соли зиндагӣ ҳамсарам ҳамеша аз ман дур буд, дар ин миён ман аз дурии ӯ, ки хеле дӯсташ медоштам, харобу хаставу афсурдарӯҳ гаштаам. Баъзан андеша мекунам, ки агар хушдоманам мегузошт, ки ман ҳамроҳи шавҳарам равам, ягон ҷо хонда соҳиби ягон касбу ҳунар мешудам. Имрӯзҳо ҳамсарам дар як хобгоҳ зиндагӣ мекунаду дар як идора кор, пули ёфтаашро ба мо фиристад ҳам, дер-дер аз авҳоламон хабар мегирад. Беҳуда нагуфтаанд, ки меҳр дар чашм аст, эҳсос мекунам, ки дили шавҳарам аз ман сард гаштааст. Ин ҳамааш бас набуд, ки…
Шаш моҳ боз шавҳарам тамоман дигар гаштааст, тарзи либосопӯшӣ, атр задан, ороиши мӯй, дилам ҳамеша дар тарс буд, ки рӯзе зане пайдо мешаваду ҳамсарамро ба худаш ҷалб мекунад. Чун ба ӯ гуфтам, ки зан гирифтаӣ, ӯ нописандона гуфт:
- Гум шав девона, ҳамин туро ба зур мехӯронаму зангирӣ аз куҷо?
Ман илова кардам, ки бисёр фасон шудаӣ. Ӯ асабӣ шуда дод зад:
- Ман барои ту шуда ба чирк пусам?!
Аммо беҳуда нагуфтаанд, ки дил гувоҳи ҳақ аст. Як рӯз барои гирифтани ҷоруби ҳавлирӯбӣ, ки хусурам ҳамеша онҳоро баста дар болои бом мемонад болои бом баромадам. Ҷорубро поён партофтаму як ба кӯча, ки аз ин баландӣ мисли кафи даст намудор буд нигаристам. Ҳамин вақт мошини сурхи хориҷии сиёҳшиша пушти дарвозаамон қарор гирифт. Панҷ даҳ дақиқа интизор шудам, касе нафаромад. Ҳайрон шудам, ки ин мошини қимматбаҳо аз кӣ бошад, ки назди дари мо қарор гирифт. Ҳамин вақт дари паҳлӯи ронанда кушода шуду шавҳарам бо либосҳои варзишии мисли барф сафед поин шуд, саросема фаромаданӣ шудам, ҳамроҳи ягон ҷӯрааш омадааст гуфта, вале ронанда аз мошин фаромаду нафасам дар гулӯям ях баст. Зани қоматбаланди нозанин, куртаву пойҷома кафшу рӯймоли сурхи ҳамранги мошинаш дошт, ӯ пушти мошинашро кушода сумкаҳои салафании зиёдеро фароваду бо шавҳарам хайру хуш карда ба мошинаш нишаста рафт. Чанд нафар раҳгузар бо ҳавас ба зану мошинаш нигоҳ карданд.
Сангдил
Қариб ним соат боли бом ба дастони кафидаву харобу сиёҳи худ нигариста гиристам. Агар хушдоманам фарёдам намекард фаромаданӣ ҳам набудам, шавҳарам назди падараш поёни боғ рафта буду фарзандонам ҳам дар наздаш. Хушдоманам ба чашмҳои гиряолуди ман нигариста гуфт:
- Чӣ гап, дар куҷо будӣ?
- Дар болои бом, ҷорӯб гирифтам, бачаҳоро нагуфтӣ бароянд, кошкӣ худат соқ бошӣ, наафтӣ ягон ҷоятро шиканӣ.
Чизе нагуфтаму ба ошхона гузаштам. Ҳамин вақт шавҳарам омаду бегонавор маро авҳол пурсида пеши модараш фарёд кард. Як халта қанду қурс, як халта донаворӣ ва сеткаи гуштро наздам кушода гуфт, ки ягон хӯрок паз рафиқонам меоянд. Ҳамин вақт хушдоманам як халтаи салафании сурхро ба ман дароз карда гуфт:
- Ин ҷо савғоҳо барои ту ва духтарҳо, аз писарону хусуратро худам медиҳам.
Духтаронам, яке чордаҳсола дигарӣ понздаҳ солаанд онҳо дарав дастархон оростанду ман гуштбирёнро андохта аловашро паст кардам. Ростӣ бӯйи атри шавҳарам диламро ба туғён овард, охир ман нав сиву ҳашт сол дорам. Хонаи хобамон даромадаму халтаро кушодам, дар он се либос матои қимматбаҳо, атру шампуну собуну боз ким чиҳои дигар буд. Шавҳарам гӯё маро надида бошад бо телефон нависонавис дошт, худамро дошта натавониста гуфтам:
- Бо маоши шумо як либоси ин матоъро харида намешавад, ҳамун беваи сурхпӯши мошиндор харида дод?!
Зафар як лагат дар миёнам зада фарёд кард:
- Э ҷӯгӣ, ай кай боз ту аз паси ман ҷосус шудӣ?! Вай мошиндор хоҳари як рафиқам аст, дар маркази вилоят кор доштааст, сари роҳ туро ҳам мебарам гӯён овард, мур аз ин рӯзат!
Ӯ дурӯғ мегуфт, аз чашмонаш мехондам дурӯғашро…
Инак як сол боз ҳамсарам бо он «балои сурх» мисли гӯшту нохун пайванд аст. Дар як моҳ як бор биёяд ҳам шаби дароз бо ӯ дар тамос аст, худамро ба хоб зада як бало карда мехонам навиштаҳояшро ва вуҷудам мегиряд. Ӯ ҳам асал асту ҳам ҷигар, нафаси зиндагиву ҳастиву дунёву боз ким чӣ балои дигар…
Шояд хонандаи азиз бигӯяд, ки чаро қиссаи зиндагиятро расонаӣ кардӣ? Барои он ки ба занони дигар дарси ибрат шавад, ҳамин зарбулмасалро шиори зиндагии худ созед:
- Мард сӯзан асту зан ришта! Аз ҳамсаронатон зиндаҷудо нашавед, ҳеҷ гоҳ…
ГУЛМОҲ, шаҳри Бохтар
Таснифи Рухсора САИД