Arzon march 2024
Баҳорро бо барфу борон пешвоз мегирем?
270


Имсол фасли зимистон қариб, ки бе боришот гузашт, вале дар охири дай табиат боз инҷиқиҳои худро сар карда, ҳаво мудом тағйир ёфта меистад. Ду рӯзи охир офтоб гӯё табассум мекард, аммо боз сардиҳо шурӯъ мешаванд.

Тавре ки Агентии обу ҳавошиносии кишвар хабар додааст, имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2 дараҷа гарм, рӯзона -4+1 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 36-38 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук ва дар баъзе минтақаҳо то 11-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво шабона бебориш аст, вале рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ шабона ҳавои бебориш пешгӯӣ шудааст, вале рӯзона дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 дараҷа, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД