1xbet
“Барқчӣ” дар бозӣ бо “Ҳосилот” ноком гардид
30.06.2025
Oila.tj
36

Бозии охирини даври 13-уми Лигаи олӣ-2025 бо иштироки дастаҳои “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор ва “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд. Бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди “Ҳосилот” хотима ёфт.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голи ягонаи дастаи ноҳияи Фархорро Сундайя Лонжи Сонг дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонид.

Ин бозӣ, ки бо сабаби ҷалби бозигарони дастаи “Барқчӣ” ба ҳайати дастаи олимпии Тоҷикистон каме дертар сурат гирифт, шоми 28-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо шуд ва ба рақобатҳои нимаи якуми мавсим хотима бахшид.

Ҳоло “Ҳосилот” бо 15 имтиёз дар зинаи 8-уми ҷадвал қарор дорад. Дастаи “Барқчӣ” бо 14 имтиёз дар зинаи 9-ум аст. КМВА бо 27 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.

Бо ҳамин дар чемпионати Тоҷикистон танаффуси тобистона фаро расид. Дастаҳо дар ибтидои моҳи август боз ба майдонҳои сабзи футболӣ бармегарданд.

Натиҷаи бозиҳои даври 13-уми Лигаи олӣ

“Истаравшан” 2:1 “Ҳулбук”

КМВА 5:1 “Панҷшер”

“Равшан” 0:0 “Эсхата”

“Регар-ТадАЗ” 1:2 “Истиқлол”

“Вахш” 2:1 “Хуҷанд”

“Барқчӣ” 0:1 “Ҳосилот”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД