arzon replenishment
“Барномаи ислоҳнигорӣ” ва “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” то ҷашни Наврӯз рӯнамоӣ мешавад
214

Дар соли 2023 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”-ро дар таҳрири нав таҳия намуд. Дар феҳристи мазкур номҳои наве ворид карда шудаанд, ки дар феҳристи қаблӣ ҷой надоштанд.

Дар ин бора Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон зимни нишасти хабарӣ маълумот дод.

Мавсуф афзуд, ки Кумита ҳамчунин “Барномаи ислоҳнигорӣ”-ро дар ҳудуди 2 миллиону 200 ҳазор калима ва “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”-ро бо 62 ҳазор калима омода намудааст. Дар назар аст, ки “Барномаи ислоҳнигорӣ” ва “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” то ҷашни Наврӯз рӯнамоӣ шуда, мавриди амал қарор бигирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД