Омӯзгори ҷавон Муҳаммад Абдуллоев ва хонандаи синфи 10- и МТМУ №30 Абдулло Абдуллоев барномаеро таҳия карданд, ки ҷадвали дарсии муассисаҳои таълимиро дар як соат омода мекунад.
Ба гуфтаи таҳиягарон, барномаи мазкур барои омӯзгорон ва роҳбарияти мактабҳо хеле қулай буда, тартиб додани ҷадвали дарсиро ба таври худкор иҷро мекунад. Он имкон медиҳад, ки соатҳои дарсӣ бо назардошти фанҳо, синфҳо ва омӯзгорон бо тартиби мувофиқ тақсим карда шаванд.
Тавре Муҳаммад Абдуллоев мегӯяд: "Ҳар сол дар оғози соли таҳсили нав бисёри мактабҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Тартиб додани ҷадвали дарсӣ ва дуруст ба роҳ мондани дарсҳо вақт ва қувваи зиёд талаб мекунад. Аз ин лиҳоз, мо барномаеро таҳия кардем, ки ҷадвали дарсиро ба таври автоматӣ, саҳеҳ ва дақиқ таҳия мекунад. Барнома аллакай аз ҷониби маъмурияти якчанд муассисаҳо қабул гардид".
Ба гуфти таҳиягарон, барнома чунин вижагиҳо дорад:
- ҳар тайғирот ё ислоҳот бо чанд клик ҳал мешавад;
- соатҳои дарсиро дуруст тақсим мекунад;
- хатоҳоро (паралелҳоро) автоматӣ нест мекунад;
- ҷадвали тайёрро барои чоп бо андозаи дилхоҳ омода месозад.
Барномаи мазкур қадами муҳим дар самти рақамигардонии соҳаи маориф ба шумор рафта, метавонад ба муассисаҳои таълимӣ дар сарфаи вақт ва беҳтар намудани сифати идоракунӣ кумак расонад.
Ба гуфти Муҳаммад Абдуллоев, барномаи компютерии "Ҷадвали дарсӣ" нахустин барнома буда, минбаъд ҷадвали дарсӣ бо қаламу хаткӯркунак не, балки бо компютер омода мешавад.
"Мо омодаем бо директорони муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ кунем. Умед дорем ин барнома барои омӯзгорон муфид буда, қадаме бошад ҳам, барои рушди соҳаи маориф саҳм гузорем",- иброз дошт Муҳаммад Абдуллоев.
Абдуғаффор ШОДИЕВ