Arzon march 2024
Бародарон аз рӯи пул бо ман душман шуданд!
2516

Ман бо зану фарзандонам дар шаҳри Самараи Русия зиндагӣ мекунам. Корам бисёр мушкил аст, барои ҳамин оилаамро бо худ овардам, ки ба ман кӯмак расонанд. Хешу таборам аз бахилӣ қариб кафида, дар ҳама ҷо овозаю дарвоза кардаанд, ки фикри зану фарзандашро мекунаду ба мо кӯмак намерасонад. Фикр намекунанд, ки ин вазифаи ман ҳамчун мард дар назди парвардигор аст. Ҳамсару фарзандонамро ман нахӯронам, кӣ мехӯронад? Ман фарзанди калони хонаам ва падару модарамро ба додаронам амонат гузошта омадам. Дар вақташ ҳамаашонро бо ҷойи кор таъмин намудам, имрӯз бошад, додарҳои худам ба фарзандони ман бахилӣ карда истодаанд. Мабодо пул пурсанду надорам гӯям, табъи нозукашон зуд ранҷида мегӯянд: «Занкалон шудаӣ, барои оилаи худат меёбию мо, ки пул гуфтем, худро ба гадоӣ мезанӣ…»
Дар мулки бегона пул кор кардан кори саҳлу осон нест, азоби сагро кашида истодаам, пайвандонам бошанд, ҳеҷ инро фаҳмидан намехоҳанд. Гумон мекунанд, ки ман дар ин ҷо шоҳ барин зиндагӣ дораму ғами онҳоро намехӯрам. Барои тӯйи хоҳарам аз раисамон пул қарз гирифта фиристода будам, то ҳол ҳамон қарзро накандаам, вале инро ба кӣ мегӯӣ?!
Аз овозаю дарвозаҳо ҷонбезор шудаам. Дар ин ҷо боғи доллар нест, ки халта-халта чида ба додару хоҳаронам фиристодан гирам. Зану фарзандони худамро базӯр хӯронда истодаам, вале бегонаҳо не, пайвандони худам гапу калочаи бисёре бофта ҷонамро ба лабам меоранд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Баҳодур, муҳоҷир аз шаҳри Самараи Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД