Барои аз тирезаи мошин ба берун партофтани “баклажка”-и холишуда ва партов ҷарима мекунанд?
31.03.2026
Oila.tj
115

Баъзе ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ баклажка”-ҳои холишудаи обҳои газнок ва дигар партовҳоро ба берун ҳаво медиҳанд. Мехоҳам донам, ки барои чунин рафтор касро ҷазо медиҳанд ё не?

МАДИНА, ш. Душанбе

Посух:

- Бале, тибқи қисми 3-и моддаи 286-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тирезаи воситаҳои нақлиёт партофтани партову пасмондаҳо ва дигар ашёҳо ба роҳ ё кӯча ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Ронандагон ва мусофиронеро, ки “баклажка”-ҳои холишуда ва дигар партовҳоро аз даруни мошин ба берун ҳаво медиҳанд, метавонанд барои чунин рафтор аз 234 то 390 сомонӣ ҷарима намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД