Commerce bank may-june 2026
Барои бунёди 4 корхонаи нави истеҳсоли семент дар Тоҷикистон дастур дода шуд
29.05.2026
Oila.tj
205

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин кардани талаботи бозори кишвар бо сементи истеҳсоли дохилӣ супориш додаанд, ки то соли 2029 дар минтақаҳои гуногуни кишвар 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бунёд шавад. Ин дастур дар сомонаи расмии Президенти кишвар нашр гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, иқтидори умумии истеҳсоли ин корхонаҳо 6 миллион тонна семент хоҳад буд. Бо ин иқтидор, ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон як баробари дигар афзун гардида, боиси пурра ва барзиёд таъмин шудани бозори дохилӣ бо сементи хушсифат ва бо нархҳои дастрас мегардад. Дар ин корхонаҳо наздики 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёфтааст.

Ёдрас мешавем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат аз гарон ва камчин шудани семент дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ ва сабаби ин вазъиятро таъмири бархе корхонаҳо дар мавсими сохтмон ва “фаъолияти миёнаравҳо” маънидод карда, ба масъулин дастур додаанд, ки барои ба эътидол овардани вазъ талош кунанд.

Ёдовар мешавем, ки тайи ду ҳафтаи охир нархи семент дар Тоҷикистон якбора боло рафта, дар баъзе минтақаҳо як халтаи он (маъмулан 50 кг) то ба 100 сомонӣ расидааст. Дар пайи ин, дар бозору мағозаҳои кишвар ин навъи маҳсулот камчин шуд, ки нагаронии аҳолиро ба миён овард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД