goodwell
Барои чӣ раҳмат нагӯем?
39

Охири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ вазъ якбора тағйир хӯрду дар кӯҳпуштаҳо тармафароӣ ба мушоҳида расид. Аз ин тармафароиву барфрезӣ роҳи Душанбе-Чаноқ ҳам дар амон намонд. Роҳҳо муваққатан баста шуд.

Бо нияти худоҳофизӣ ба ҷиянчаҳои қаҳрамон банда низ азми сафар ба Душанбе доштам. Сафар баромадему овозаи «роҳ маҳкам» ба гӯш расид. Андак интизор шудем, бинем ба мусофиркашонҳо ягон бовар нест, ҳар кас чизе хоҳад, мегӯяд. Маҷбур шудам ба хати доимоамалкунандаи IRS занг занем. Гӯширо як бонуи хушсадое бардошту бо адабу илтимосу узрхоҳии зиёд аз ҳолати роҳ гуфт. Сомона, пойгоҳи хабарӣ ҳар лаҳза хабар аз ҳолати роҳ менавишт. Дил тоқат накарду дертар боз тамос гирифтем, ин бор ҳам бо ҳамон лаҳни зебо ва боадабона бонуи хушлаҳн иттилоъ дод, ки роҳ ҳоло боз нест ва барои тозакунии роҳҳо кор ҷараён дорад.

Ва ҳамин хел масъулони ширкати IRS дар баробари мардум бедорхобӣ намуда, роҳро боз намуданд. Ва мунтазам гузоришҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидем, ки роҳ боз аст. Мардум менависанд, ки роҳҳо боз, техникаҳо равуо доранд. Шукри будани ширкати IRS.

Ҳама медонем, ки дар ин гуна ҳолат на ҳама фаъолона кор мекунанд. Бе ин ҳам, роҳи Душанбе-Чаноқ ҳамин як роҳи одӣ нест ва болотар аз рисолати як роҳро иҷро мекунад. Дар замони шуравӣ касе ҷасорати сохтани чунин роҳро ҳам надошт ва дар фасли сармо равуои мардум ба Душанбе аз Хуҷанду Зарафшон қатъ мегардид. Гоҳ-гоҳе аз тариқи кишвари ҳамсоя мерафтанд, лек он ҳам ба таври ҳамешагӣ набуд. Ҳоло дигар шукр ба истиқлол, ки дар ин давр роҳҳо бунёд карда шуданду ваҳдати мардум пайдо шуд. Ҳамин набудани шароит ва маҳдудияти ҳамасола дар фасли сард қариб ваҳдат­ро аз мардуми тоҷик рабудаву дар гуфтор ибораҳои «бачаҳои он тарафу ин тараф», «мардуми он тарафу ин тараф» пайдо шуда буд, ки ба ҳамдилии тоҷик сахт латма зад. Вақте роҳ ба марказ пайваст нест, чандин проблемаҳои дигар дар музофот сар мезанад, ки оқибат ба маҳалгароӣ оварда мерасонад, ки оқибати он   бадбахтии миллат мешавад. Ҳарчанд дар ин солҳои мустақилӣ хеле мардум якдигарро фаҳмидаву ёру бародар шуданд. Ба чӣ хотир инро гуфтам, ба он далел ки гоҳо мо сахт интиқод мекунем, вале заҳмати шабонарӯзиву азоби кормандони ин ширкатро намебинем.

Танқид хуб аст, аммо дар ин шабу рӯз, ки кормандони IRS шабу рӯз нахобида заҳмат мекашанд, ба ҷойи раҳмат тир задан ба ҷигарро мемонад. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони IRS ба мунтазам тоза намудани роҳ аз барф, бартараф намудани тармаҳо ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ кори асосии онҳост. Дар ин масир тармафароӣ хеле зиёд ва баландиву паҳноии онҳо қабили мулоҳиза буда, барои бетаъхир бартараф намудани онҳо кормандони филиали IRS аз тамоми имкониятҳо самаранок менамоянд.

2_68

Воқеан ҳам роҳи Душанбе – Чаноқ дар симои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст. Дидем, ки онҳо (манзур - кормандони филиали ширкат) хеле масъулиятшиносанд. Ҷаҳду талош мекунанд, то роҳ кушода ва дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Кормандон ҳамеша дар такопӯ буда, ба ронандагону мусофирон бо алфози ширин муносибат мекунанд. Аҳсан ба онҳо!

Мефаҳмам, ки нигоҳдории роҳ рисолату вазифаи онҳо аст, вале эътироф бояд кард, ки на ҳар кас ба иҷрои вазифаи худ муносибати ҷиддӣ дорад. Дар 13 соли фаъолият 11 корманди ширкат дар рафти бартарафсозии оқибати ҳодисаҳои табиӣ ҳалок гардиданд ва месазад, ки баҳри гиромидошти онҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёт тадбир андешида шавад.

IRS дар давоми фаъолият аз имтиҳонҳои ҷиддӣ гузаштааст. Зеро дар муқоиса ба дигар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки нигаҳдориашон ба зиммаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошта шудааст, роҳи Душанбе -Чаноқ аз офатҳои табиӣ зиёд осебпазир аст. Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳи Душанбе - Чаноқ арзандаи ситоиш аст. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти IRS қаноатмандӣ ва ба кормандони он арзи сипос баён мекунанд. Чунин хулоса натиҷаи муқоиса аст.

3_60

Чаро як маротиба ба кормандони ҳамин Ширкати IR» аҳсану офарин нагӯем? Ҳо, ширкат пул мегирад, аммо мо 70 сол дигаронро хӯронидему обод кардем, барои дигарон сохтем, барои чӣ ба онҳое, ки барои осон шудани мушкили мо кор мекунанд, як маротиба раҳмат нагӯем? Як маротиба нонатон ҳалол бод, бачаҳои IRS нагӯем?? Ахири ахиран ба тоҷику тоҷикистонии худ, ҳамватани худ, ки он ҷо кор мекунад, раҳмат мегӯем. Ҳамин заҳмати дишаба, ҳамин талошу бедорхобии 24-соатаи кормандони ин ширкат каминаро маҷбур сохт, то бетараф набошем ва як маротиба офарин бар шумо гӯем.

Ҳарчанд чунин ҳолат борҳо рух медиҳаду кормандони ширкати IRS сари вақт онро бартараф месозанд.

Аҳсан бар шумо, кормандони IRS!

Нонатон ҳалол аст!

Муҳаммад САИДОВ,

сокини шаҳри Хуҷанд, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД