Formula september
Барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ ҷоиза ташкил шуд
2673

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд намудани шахсон барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ Озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ»-ро эълон кард. Дар ин хусус Ақлиддин Авғонов, сухангӯи ин ниҳод ба Oila.tj хабар дод.

Ба таъкиди ӯ, бо ин ҷоиза шахсон барои дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; сармоягузории беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; навовари беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; кори илмӣ (таҳқиқотӣ)-и беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ ва  дастоварди беҳтарин дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

"Ҳамзамон барои дарёфти ҷоиза вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳуҷҷатҳои зерин: дастовардҳо дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастовардҳо дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; ҳуҷҷатҳои дахлдор вобаста ба сармоягузориҳо дар соҳаи сайёҳӣ; санади тасдиқкунандаи дар амал татбиқ намудани навоварӣ, ки самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоиро нишон медиҳад;  ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати амалигардонӣ ва татбиқ гаштани корҳои илмӣ (тадқиқотӣ) дар соҳаи сайёҳӣ; дастовардҳо дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонроо пешниҳод менамоянд", - гуфт Ақлиддин.

Ба таъкиди мавсуф, як муаллиф ё гурӯҳи муаллифон метавонад дар як вақт ду ва ё зиёда дастовардро барои дарёфти ҷоиза пешниҳод намояд.

Инчунин, барои иштирок дар озмун ҷиҳати дарёфти ҷоиза дастовардҳое, ки муаллифи онҳо қаблан вобаста ба ҳамин дастовардҳо ба ҷоизаҳои дигари сатҳи давлатӣ пешниҳод ё сарфароз гардидааст, қабул намешаванд.

Гуфта шуд, ки қабули ҳуҷҷатҳо аз 15 ноябр шуруъ шуда, то 15 феврали соли соли 2024 давом меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД