arzon replenishment
Барои доруи пастсифат ба куҷо муроҷиат кунам?
782


Бо сабабҳои беморӣ пай дар пай доруҳои зиёдро истифода бурдам. Маблағи зиёд сарф кардам, аммо натиҷаи дилхоҳ надод.

Мехостам фаҳмам, ки барои паст будани сифати доруҳо ва маблағҳои сарфшуда ба куҷо муроҷиат кунам. Оё метавонам маблағамро гирам?

Шамсова З, н. Рашт.

Тибқи моддаи 29 Қонуни ҶТ “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” шаҳрвандони ҶТ ба гирифтани кумаки доругии судбахш, бехатар ва босифат ҳуқуқ доранд.

Инчунин дар моддаи мазкур дарҷ гардидааст, ки шаҳрвандон ҳуқуқи муроҷиат намудан ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ ва дигар ташкилотҳо барои гирифтани иттилоот дар бораи бехатарӣ, судбахшӣ ва сифати дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтиро доранд.

Дар асоси қонуни болозикр мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ назорати давлатиро дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти дору, молҳои тиббӣ, муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ бо мақсади пешгирӣ намудан, ошкор сохтан ва бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фарматсевтӣ амалӣ намуда, экспертизаи дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтиро бо тартиби муайянкардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.

Бинобар ин ба шумо тавсия дода мешавад, ки агар доруҳоро тибқи қоидаҳои истифода ва тавсияи табибон исифода бурда бошеду аз сифати онҳо шубҳа дошта бошед, метавонед ба мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ муроҷиат намоед. Агар маълум шавад, ки дар ҳақиқат доруҳо бесифатанд, шумо метавонед барои ҷуброни зарар ба суд муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД