sebiston july new
Барои хушдоманам “ҷӯгӣ” будам (ҚИСМИ 1)
2622

Салом ба аҳли қалам ва хонандагон! Ҳозир, ки ҳамин номаро менависам, дар Бухоро қарор дорам, чанд рўзи бекорӣ ёфтам ва ба тамошои ин шаҳри бостонӣ омадам. Тарҳи навиштани ин номаро се сол боз мекашам ва насибаш дар ҳамин рўз будааст. Мақсади ман аз иншои рози зиндагии худам додани сабақ ба он хоҳароне мебошад, ки дар чорроҳаи зиндагӣ ҳайрон мондаанду намедонанд чӣ кор кунанд. Бовар дорам, қиссаи зиндагии ман дарси ибратбахше хоҳад буд.

Духтар ба ноз

Духтари калонии оиламон будаму волидонам хеле зиёд дўстам медоштанд, чизе мехостам, бароям муҳайё мекарданд. Ҳамин тавр, бо хоҳиши худам ба Донишгоҳи омўзгорӣ дохил шудам, ҳарчанд падарам мехост мисли ў иқтисодшинос бошам. Бо Ҷамила ном ҳамкурсам дугонаҳои ҷонӣ будему ба хонаи якдигар рафтуомад доштем. Ҷамила аз маҳаллаи тамоман дигар буду менталитет ва урфу одатамон аз ҳам фарқ мекард, аммо ин ба дўстии мо ягон зарра халал ворид намекард. Ман духтари кўҳистонии саркаш, ў духтари муқими шаҳр, орому хеле бомаърифат. Дар як тўйи хонаи Ҷамилаашон ман бо писарамаки ў Амин шинос шудам ва ин шиносоӣ ба ишқ бурд. Чун сухан дар бораи ба ҳам хонадор шудани мо мерафт, Ҷамила таъкид мекард, ки модари Амин хеле сахтгир асту ту наметавонӣ ҷавобгўи талаботи вай бошӣ ва ҳамин хел ҳам шуд.

Ман донишгоҳро хатм кардам, Амин алакай корманди як ташкилоти бонуфуз буд, аммо модараш ҳеҷ розӣ набуд, ки мани кўҳистонии ба қавли ў «пойлуч»-ро келин кунад. Аммо ишқи мо ғолиб баромад. Модари Амин ба сари авсунаш - модари Ҷамила рафта, ҷангу ҷанҷол мебардорад, ки духтари ту сари писарамро гаранг карда, бо дугонааш шинос намудааст. Модари Ҷамила ба хотири вайрон нашудани хешу таборӣ гап задани Ҷамиларо бо ман манъ кард, баъдтар ӯро дар Самарқанд ба шавҳар доданду мо аз ҳам ҷудо шудем. Ростӣ, ман он қадар духтари беғурур набудам ва ба деҳа баргашта, дар мактаби деҳаамон ба кор шуруъ кардам, аммо…

Оташи ишқ

Амин падару модарашро ба ҷону ҳолашон намонда, ба хонаи мо ба хостгорӣ фиристод. Хушдоманам наомад, вале хусурам бо як хоҳараш ба хостгорӣ омаданд. Падарам аввал ризо нашуданд, вале байни ў ва падари Амин чӣ гуфтугузоре шуд, ки он кас ба фотеҳаи мо розӣ шуданд. Амин ду хоҳар дошту писари ягонаи оилаашон буд ва модараш мехост ўро ба духтари маҳаллаи худашон хонадор кунад. Ҳарчанд писараш амри модарро ба назар нагирифт, аммо хушдоманам барои ман ҷиҳозе овард, ки хоси мардуми маҳаллаи онҳо буд. Хешу табори мо аз дидани ин шукўҳу шаҳомат ҳайратзада шуданд, вале беҳуда нагуфтаанд, ки гап дар сари пулу молу боигарӣ нест, Худованд ба одам бахти оилавӣ диҳад. Тӯйи мо хеле бошукўҳ гузашт, аммо маълум буд, ки дар хонаводаи шавҳарам маро ғайри Амин касе хуш надорад. Хусурам бепарво, хушдоманам бо зарда, хоҳарони шавҳарам, ки шавҳару хонаи обод дошта бошанд ҳам, ҳар шанбеву якшанбе дар хони падар «тўй» доштанд, ба ман бо тамасхур менигаристанд. Ман Аминро аз ҷони ширинам зиёдтар дўст медоштам ва ба ҳама нописандиҳои хешу таборонаш тоқат мекардам. Медидам, ки кулчаҳои бо сад нозукӣ пухтаи модарамро ба ҷўгиҳо медиҳанд, қанду қандалоти овардаашонро ба партовгоҳ мепартоянд, себу чормағзу анвои аз боғ овардаашонро ба ҳамсояҳои камбағал медиҳанд, ҳеҷ чиз намегуфтам. Ман канизаки зархариди ин оилаи бароям бегона будам, маро ба кадом маъракае мебурд, хушдоманам бегона буданамро гўшзад мекард. Номам дар наздам “ҳуй, ҳей ё балозада” буд, дар ғайбам “ҷўгӣ”…

Оҳиста-оҳиста ин ҳама ба шавҳарам ҳам гузашт…

ГУЛРЎ, Бухоро

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД