1xbet
Барои назди фолбинҳову ҷодугарон рафтан 4500 сомонӣ ҷарима мекунанд
113

 

Мубориза ба муқобили сеҳру ҷодугарӣ дар Тоҷикистон торафт пурзӯр гашта, акнун натанҳо фолбинҳо, балки шахсони ба назди ин тоифа барои гарму хунук кардан ва анҷом додани дигар амалҳои бо сеҳру ҷоду алоқанд мерафта низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар додааст.

Дар асоси тағйиру иловаҳои наве, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (КҲМ) ворид гардидааст, минбаъд афроде, ки ба назди фолбинҳо мераванд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Тибқи моддаи 482-и КҲМ шахсоне, ки аз хизматрасонии фолбинону ҷодугарон истифода мебаранд, аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд, ки маблағи мазкур аз 3750 то 4500 сомониро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД