goodwell
Барои сари вақт нагирифтани “Шаҳодатномаи таваллуд” ба кӯдак волидонро ҷарима мекунанд ё не?
06.08.2026
Оила
64

 

Як хонандаи сомонаи Oila.tj  навиштааст, ки фарзандаш аллакай яксола шудааст, вале бо сабаби душвориҳои иқтисодӣ сари вақт ба кӯдак “Шаҳодатномаи таваллуд” гирифта натавонист. Мегӯянд, ки агар то 3 моҳагӣ ба кӯдак шаҳодатнома нагирӣ, 600 сомонӣ ҷарима мекунанд. Оё ин рост аст, пурсидааст хонандаи мо.

Посух

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №159 аз 28-уми феврали соли 2025 гирифтани шаҳодатномаи таваллуд барои кӯдакон дар кишвари мо ройгон мебошад.

Тавре ки муовини сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вазорати адлияи Тоҷикистон Сарвиноз Саидмуродзода зимни як сӯҳбат бо сомонаи Oila.tj  гуфта буд, мувофиқи қонуни нав сарфи назар аз синну сол гирифтани шаҳодатномаи таваллуд барои тамоми кӯдакон ройгон аст. Қаблан дар ҳолати то семоҳагӣ нагирифтани шаҳодатнома волидонро ҷарима мекарданд, вале бо қарори нави ҳукумат акнун ҷарима аз байн бардошта шудааст.

Яке аз ҳадафҳои асосии ройгон гардонидани шаҳодатномаи таваллуд бо ин ҳуҷҷати муҳим таъмин намудани тамоми кӯдакон буда, сарфи назар аз он ки фарзандашон чансола аст, волидон метавонанд бо дили пур барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандї ё идораи ҷамоат муроҷиат намоянд. Ин ҳуҷҷат ба онҳо ба таври ройгон дода мешавад. 

Барои гирифтани шаҳодатномаи ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:

  1. Маълумотномаи тиббӣ аз таваллудхона
  2. Шиносномаи падар ва модари кӯдак
  3. Хатти ақди никоҳ. 

Ҳамсароне ки ақди никоҳашон расман ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст, бояд аввал шаҳодатномаи муқаррар кардани падариро бигиранд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз марзи кишварамон қарор доранд, барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба сафоратхона ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар муроҷиат карда метавонанд.  

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД