goodwell
Барои соҳибкорони зарардидаи бозори Хоруғ мағозаҳои нав месозанд
13.08.2026
Oila.tj
137

Барои соҳибкорони зарардида дар пайи сӯхтори бозори марказии шаҳри Хоруғ мағозаҳои нав месозанд.

Дар ин бора раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон ва вазири саноат Шералӣ Кабир зимни суҳбат бо соҳибкорону зарардидагон иброз доштаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар назар аст, ки бозори нав дар шафати бозори пештара бунёд мешавад.

Гуфта шудааст, ки ҳоло масъалаи омӯзиши вазъи феълии зарардидагон, муайян намудани маблағи зарар, фароҳам овардани шароитҳои нав барои кору фаъолиятҳои минбаъада аз масъалаҳои асосӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бозори шаҳри Хоруғ 27-уми июли ҳамин сол рух дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД