sebiston july new
БАРВАҚТ БА МАСҶИД РАФТАН ЧӢ САВОБ ДОРАД?
01.05.2021
Оила
1031


Бисёриҳоро мебинем, ки 15-20 дақиқа пеш аз саршавии намоз ба масҷид рафта мешинанд. Оё барвақт ба масҷид рафтан дар ягон китоб таъкид шудааст?

М. Комил, шаҳри Душанбе

Ба масҷид каме барвақт рафта саршавии намозро интизор шудан савоби бузурге дорад. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ин хусус фармудаанд: «Фариштагон барои ҳар яки шумо то замоне, ки дар маҳалли намоз ё масҷид бошед, дуо мекунанд ва мегӯянд: «Худоё ӯро мағфират кун ва ба ӯ раҳм намо».

Дар ҳадиси дигар аз он ҳазрат (с) чунин ривоят шудааст: «Ҳар як аз шумо пайваста машғули намоз аст, то вақте ки намоз ӯро нигоҳ доштааст ва ҳеҷ чиз ба ғайр аз намоз ӯро аз рафтан ба сӯи хонаводааш манъ карда наметавонад».

Аммо барвақт ба масҷид рафтан маънои онро надорад, ки дар он ҷо бо суханони беҳудаву бемаънӣ вақташро гузаронад, балки ду ракаат намози таҳияи масҷид (пеш аз пешин, аср ва хуфтан) хонда, паст Қуръон тиловат кунад, тасбеҳ гӯяд, ё ба хондани китоби фиқҳӣ, ахлоқӣ ва тафсир машғул шавад. Баъди адои намоз низ аз пайи кору бори худ равад, ба хона баргардад.

Расули Худо (с) фармудаанд: «Касе ба масҷид биравад ва (баъди адои намоз) ба хона баргардад, бо ҳар рафтану баргаштан Худованд дар биҳишт меҳмонишаро муҳайё кунад».

Пок ва муназзаҳ аст Парвардигор, ки фазлу бахшиши азими худро шомили ҳоли бандагони муъминаш намудааст. Кош мардум ин фазилатро дарк карда, ба ҷои беҳудагардию беҳудагӯӣ ва бекорӣ рӯҳи худро пок сохта, дунёву охираташонро обод менамуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД