1xbet
БДА боз рейд мегузаронад, ронандагон, эҳтиёт бошед!
110

Аз 1-уми сентябр Бозрасии давлатии автомобилӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе амалиёти махсус - рейд мегузаронад ва нисбати ронандагоне, ки мошинҳои худро дар ҷойҳои номуносиб ва мамнуъ нигоҳ медоранд, чораҳои қонунӣ андешида шуда, ҷарима карда мешаванд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳадаф аз гузаронидани амалиёти мазкур пурзӯр намудани тартибот, назорат аз рӯйи ронандагон ва риояи қоидаҳои нигоҳдории мошинҳо дар истгоҳ ва таваққуфгоҳҳо мебошад.

Дар хабар гуфта шудааст, ки дар рафти амалиёт ба мошинҳое, ки дар ҷойҳои номуносиб ва мамнуъ гузошта шудаанд, диққати махсус дода мешавад.

Ба ғайр аз сӯхторхомӯшкунандагон ва мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” дигар тамоми ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракатро вайрон мекунанд, мошинашонро дар ҷойҳои мамнуъ мегузоранд ё дар хати дуюми ҳаракат (вторая полоса) нигоҳ медоранд, нисбаташон чораҳои қонунӣ андешида шуда, мошинашон ба ҷаримагоҳ бурда мешавад.

Дар робита бо ин амалиёт БДА ронандагонро ҳушдор додааст, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД