Arzon march 2024
БДА гуфт, кадом роҳҳои вилояти Суғд кай баста мешаванд
459

Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд бо нашри як эълон дар бораи маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт барои се рӯз дар баъзе аз роҳу кӯчаҳои вилоят хабар дод.

Бино ба эълони мазкур, рӯзҳои 14 – 16 ноябр сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, ки аз субҳи имрӯз шурӯъ шуд.

 

Тибқи эълони БДА, имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Ҳувайдулоев - Б. Ғафуров - Фотеҳ Ниёзӣ дар шаҳри Бӯстон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Ғафуров - кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ғафуров — кӯчаи Рӯзибой Юлдошеви ҷамоати Зарзамин ва кӯчаҳои А. Нозиров — Ҳоҷи Кенҷаев — Рӯзибой Қосимови ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров - кӯчаҳои И. Сомонӣ – Гагарин-Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, рохи автомобилгарди Хуҷанд - Гулистон ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон маҳдуд мегардад.

“Санаи 15 ноябр ҳаркат дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ — Фирдавсӣ – 25 солаги Истиқлолият - Р. Ҳочиев - роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҳудуди маҳаллаи Сартуқаи ноҳияи Б. Ғафуров - кӯчаҳои Раҳим Ҷалил-Султон Умаров ва Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, рохи автомобилгарди Хуҷанд-Гулистон ҳудуди ҷамоати Д. Холматови нохияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон муваққатан маҳдуд мегардад” – омадааст дар эълон.

Санаи 16 ноябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Ғафуров, кӯчаҳои Фотех Ниёзӣ - Б. Ғафуров-Ҳувайдулоев шаҳри Бӯстон муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Дар чунин рӯзҳо бо иштироки Сарвари давлат мавриди баистифодадиҳии якчанд иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД