arzon replenishment
Бе қатъи ақди никоҳ шавҳар карда метавонам?
1130

Ману шавҳарам солҳои зиёд аст, ки зиндагӣ намекунем, аммо никоҳи расмӣ дорем. Азбаски ман дар иҷора зиндагӣ мекунам, зиндагиро ба танҳоӣ пеш бурдан мушкил аст. Мехоҳам шавҳар кунам, вале намедонам, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳаққи бе қатъ кардани ақди никоҳи расмӣ шавҳар карданро дорам?

Г. Д
Тибқи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрникоҳӣ манъ аст. Яъне, шумо наметавонед бо ду ё зиёда шахсон дар як вақт ақди никоҳ дошта бошед. Албатта барои бекор кардани ақди никоҳ шавҳар карданатон дар қонунгузории ҶТ ягон ҷавобгарӣ пешбинӣ нагардидааст, аммо тавсия медиҳем, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳоятон аввал ақди никоҳи қаблиро бекор карда, баъдан оилаи нав бунёд намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД