Muhojirati behatar
“Беҳбудӣ” рӯзгори занони хонашинро беҳтар кард
199

 

Саида Алиёрова, ду сол аст, ки зиндагии худу оилаашро аз заҳмату меҳнати худаш пеш мебарад. Ӯ дар қатори даҳ нафар зани дигар, ки саҳми худро дар коркард ва истеҳсоли меваҳои хушки содиротшаванда мегузоранд.

Саидаро болои даҳ нафар зан, ҳамчун роҳбар таин намуда, онҳо дар якҷоягӣ 8 намуд меваи ватаниро хушк карда, ба харидорон пешниҳод мекунанд. Ӯ пештар дар боғҳои деҳаашон ба чиндани мева ва корҳои саҳроӣ зери офтоби сӯзон машғул буд  ва имрӯзҳо бо хушнудӣ мегӯяд, ки аз кори ҳар рӯзааш розӣ аст.

Чунки кори пештараш, ки зери офтоби тафсон ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешуданд, хусусан дар фасли тобистон хеле мушкил буд.

Баъд аз ба кор шуруъ кардани корхонаи истеҳсолӣ онҳоро ба инҷо даъват карданд ва ба кори доимӣ таъмин намуданд.

Раҳматулло Саъдуллоев, роҳбари Кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратии «Беҳбудӣ» мегӯяд, ки баъди ворид кардани таҷҳизоти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар як сол имкон дорем, ки то 700 тонна меваи хушк мувофиқ ба стандарти байналмилалӣ омода намоем.

Номбурда қайд кард, ки маҳсулоти хом аз қабили себ, нок олу, зардолуро аз ноҳияҳои Балҷувон, Муминобод, , Сарихосор, Ховалинг, Файзобод, Ваҳдат барои коркард ва истеҳсол харидорӣ намуда, аз маҳсулоти ватанӣ хушкмеаваҳоро ба кишварҳои хориҷ содирот кардан мехоҳанд. Айни замон танҳо бо ширкати «Исфара-Фуд» аз вилояти Суғд ҳамкорӣ дорем ва дар нақша ҳаст, ки 400 тонна зардолуи хушк ба ин минтақаи кишвар интиқол диҳем. Мо дар ояндаи наздик маҳсулоти ватаниро ба вилояти Челябински Русия содирот мекунем,- афзуд вай.

“Беҳбудӣ” -кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратӣ буда, аз соли 2009 инҷониб фаъолият дошта, дар сохтмонҳои бузурги вилоят, аз ҷумла, китобхона, меҳмонҳона осорхона ва дигар иншоотҳои фарҳангӣ саҳми ногустатанӣ дорад. Ҳамчунин дар самти хоҷагирдорӣ ва саноатӣ муваффақ мебошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД