formula
Беморие, ки дар фасли зимистон авҷ мегирад
797



Аллакай боди сарде, ки бӯи барфро ба машом меорад, вазида истодааст. Баъзе одамон нисбати ҳавои сард ниҳоят ҳассос буда, дар фасли зимистон гирифтори аллергия мешаванд.

Аз нигоҳи аввал аллергия ба сардӣ он қадар ҷиддӣ наменамояд, вале ин беморӣ метавонад оқибатҳои вазнинро ба бор оварад. Барои ҳамин бояд ҳатман бо аллергия мубориза бурд.

Тест барои имтиҳони сардӣ

Ба дастатон пораи яхро гузошта, тӯли 5-8 дақиқа дар дастатон нигоҳ доред. Дар ин қисмати пӯсти дастатон сурхӣ, хориш ва донача пайдо шавад, донед, ки шумо гирифтори аллергия нисбати сардӣ мебошед.

Чаро бештар занро ба ин беморӣ гирифтор                               мешаванд?

Ин беморӣ аз аллергияи оддӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Ягон маводе нест, ки организм нисбаташ аллергия пайдо кунад, аммо омили физикӣ-сардӣ аст, ки реаксияи дарднокии организмро бедор месозад. Аксаран занони аз 21 то 60 сола ба аллергия аз сардӣ гирифтор мешаванд. Касоне, ки бемориҳои узвҳои ҳозима, роҳҳои талхадон, ҷигар, ғадуди зери меъда ва кирм доранд, хатари гиритор гаштанашон ба аллергия аз сардӣ зиёдтар аст.

Намудҳои зерини аллергия аз сардӣ бештар ба назар мерасанд:
Крапивнитса —вақте дар пӯст доначаҳову хоришакҳои сурхи ба сӯхтагӣ монанд пайдо мешаванд.
Дерматит —сурхшавӣ, хориш ва дар ҳолатҳои мушкил варамкунии пӯст.
Шамолхӯрӣ-ринит, сулфазаниву атсазанӣ, обравӣ аз бинӣ, вале дар хонаи гарм ҳамаи ин аломатҳо ғайб мезананд.
Конъюнктивит — обравӣ ва сӯзиши чашмон дар ҳавои хунук.

Набояд ин нишонаҳоро бо реаксияи табии муҳофизатии организм дар ҳавои сарду шамол омехта намуд. Дар чунин ҳаво аксари одамон ба ин ҳолат гирифтор мешаванд. Сабаб дар он аст, ки ковокии бинӣ нам гардида, меъёри ашк зиёд мешавад ва ранги рӯй сурх шуда, каме хориш пайдо мекунад. Одатан ин нишонаҳо ҳеҷ мушкилие надоранду дар ҷои гармӣ зуд нопадид мешаванд.

Мубориза бо аллергия

Баробари мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини аллергия аз сардӣ дар навбати аввал бояд аз муоинаи аллерголог, гастроэнтеролог ва ташхиси пурраи тиббӣ гузаред. Табиб ба шумо диетаи дурустро таъйин намуда, маводҳои талхабарор ва зидди кирмро тавсия медиҳад, ки кори меъдаву ҷигаратонро муътадил месозанд.
Истеъмоли маводҳои антигистаминӣ (зиддиаллергия) дар шакли ҳаб ва қатрадоруҳо барои чашмону бинӣ пеш аз ба кӯча баромадан барои якчанд соат ба шумо сабукӣ меоранд. Гарм либос пӯшидан ва молидани қабати ғафси крем ба рӯй аз манфиат холӣ нест.

Ҷисматонро бо сардӣ одат диҳед

Барои бо аллергияи аз сармо мубориза бурдан бояд ҷисми худро мисли хирси сафед ба сардӣ одат кунонад. Дастонатонро тули 30 сония дар оби хунук нигоҳ доред, сипас онҳоро ба оби гарми ҷӯшон дароред ва то гармшавиашон нигоҳ доред. Ду-се маротиба ин амалро такрор намоед. Ҳар дафъа ҳарорати обро пасттар кардан гиред ва оҳиста-оҳиста онро ба 10 дараҷа расонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД