sebiston july new
Беморхонаи нав ба чил ҳазор нафар хизмат мерасонад
675


Дар шаҳри Ваҳдат беморхонаи ҷадид ба истифода дода шуд.

Беморхонаи нав, ки таҳти №3 фаъолият менамояд, дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат воқеъ гаштааст ва аз шӯъбаи таваллуд бо 10 кати хоб, бахши ҷарроҳӣ, стоматология, рентгени рақамӣ, УЗӢ ва таҳлилгоҳ-лаборатория иборат мебошад.

Тамоми бахшҳои бемористон бо таҷҳизоти нави тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба аҳолии ин ҷамоат, ки беш аз чил ҳазор нафарро дарбар мегирад, хизмат мерасонанд.

Дар расми кушодашавии бино Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва намояндагони ташкилоти хайриявии “Тоҷикистон” иштирок карда, зимни суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки ин беморхона боз як самари истиқлолият мебошад, ки аз ҷониби сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинони ин минтақа тақдим гаштааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2022 оғоз гардида, беморхона бо тарҳи замонавӣ бунёд ва бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки дар арафаи таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлолияти кишвар як қатор иншоотҳо дар гӯшаю канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба истифода дода шуданд ва Беморхонаи минтақавии рақами 3-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат низ аз ҷумлаи онҳост.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД