Oila 5 years
“Беҳтарин варзишгари соли 2023” муайян шуд
21.02.2024
PROMO
884

 

FORMULA55 парчамбардорони миллатро қадрдонӣ намуд

Рӯзи 17-феврал дар “Кохи Суруш” маросими тантанавии мукофотсупорӣ ба “Беҳтарин варзишгари соли 2023” аз рӯи фарзияи FORMULA55 баргузор гашт. Толори “Кохи Суруш” он рӯз пур аз ситораҳои варзиш буд.

Варзишгарон, мураббиён, мухлисон, намояндагони ташкилотҳои бонуфузи варзишӣ, шарикон ва кормандони FORMULA55 ҳама сарҷамъона барои интихоби варзишгари беҳтарини сол ба ҳам омаданд, ки бо дастовардҳои беназири худ обрӯю шарафи варзишии кишварамонро баланд мебардоранд.

Ин чорабинӣ дар руҳияи ифтихормандӣ ва эҳтироми бепоён нисбат ба ашхосе, ки дар ҷодаи варзиш заҳмат мекашанд ва ба дастовардҳои бузург ноил гашта, муҳаббати мухлисони сершуморро ба даст овардаанд, ҷараён гирифт.

Дар ҳар як номинатсия исми шахсони арзанда ба забон гирифта мешуд, ки бо ҳунару маҳорати баланди варзишӣ, иродаи қавӣ ва талоши пайваста ба комёбиҳои бузург ноил гаштааст ва имрӯз ин заҳматҳо боис шуда, ки ба қатори беҳтаринҳо шомил шудааст.

Дар ниҳоят ҷоизаи беҳтарин варзишгари сол соҳиби худро пайдо кард. “Беҳтарин варзишгари соли 2023” тибқи фарзияи FORMULA55 насиби ҷудокори муваффақи кишвар Сомон Маҳмадбеков гашт, ки дастовардҳои арзандаи ӯ дар риштаи дзюдо барои насли нави варзишгарон намунаи ибрат мебошад.

Ширкати FORMULA55 ҳамчуни номзадҳои дигар ба унвони “Беҳтарин варзишгари сол”- Нуров Муминҷон, Фирӯз Бегмуродов, Миҷгон Самадова, Баҳодур Усмонов, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Қодиров, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаевро бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

FORMULA55 ба тамоми иштирокчиёни ин чорабинии бонуфуз барои ҳамкории судмнад изҳори миннатдорӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД