formula55
Бевагӣ маро бадном кард Қисми 1
1381

 

Дилпазир ёд дорад, ки модаркалони порсояш кокулонашро бо як санъати баланд мебофт, ҳозир ҳамон тарзи кокулбофии модаркалонашро ба ёд оварда, ҳайрон мешавад.

Пичаву тагаку торак, мӯйҳои марғулааш аввал ба ду қисм, баъд боз ба қисмҳои дигар ҷудо шуда, қамчинакбофӣ мешуданд. Чӣ қадар ба ӯ мезебиданд кокулони хурмоии зебояш, модаркалон баъди тамом кардан ҳамеша дуо мекард, “Худои бузург, як чобуксавор биёяду духтарамро гирифта, ба қасраш барад”.

Дилпазирро ин дуои модаркалон хуш намеомад, маънои чобуксаворро намефаҳмид, аммо бо ноз мегуфт:- Э момаҷон, ман шӯ намекунам!

Модаркалон абрӯвонашро дарҳам кашида мегуфт:

-Э духтари мома, занат, ки офарид, лутф кунаду шавҳари баномусеро дар тақдират кашад, вагарна…

-Чӣ вагарна?-мепурсид бо итоб Дилпазири нозанин.

-Эҳ духтар, азоб мекашӣ,- посух медод бибияш. Дилпазир аммаашро, ки духтур буду баъди марги шавҳараш ду писарашро танҳо ба воя мерасонд, мисол оварда мегуфт,- ана аммаи Сабзаам, шавҳар надорад, аз ҳама хушрӯ мепӯшад, хонааш аз хонаи ҳама зебост…

Модаркалонаш оби чашмонашро пок карда, пичиррос мезад:

-Дили мома, ҳаргиз ҳаваси зиндагии аммаатро нахӯр. Охир, беҳуда нагуфтаанд, ки зани хурӯс бошу беваи диёр не.

-Ман зани хурӯс намешавам!- Бо қаҳр мегуфт Дилпазир ва ба сӯҳбат нуқта мегузошт, танҳо вақте ба маънии ин суханони модаркалонаш сарфаҳм рафт, ки…

Дилпазирро аммаи Сабзааш келин карда, ба коллеҷи тиббӣ дохил намуд. Писари аммааш Низом дар Донишгоҳи тиббӣ мехонд, Дилпазир чор сол шавҳарро мунтазир шуд. То Низом донишгоҳро хатм карда омад, ки писаракашон Шароф дусола шуду Дилпазир низ диплом гирифт. Аммаи меҳрубонаш барои наберааш доя гирифт, то келини нозанинаш бо осудагӣ дарс равад, Дилпазир аммаашро мисли модараш дӯст медошт. Чун шавҳараш ба ноҳия баргашту ба кор даромад, Дилпазир низ ҳамроҳи ӯ ба кор оғоз кард. Аҷаб ҷуфти зебо буданд онҳо, Дилпазири сабзинаи кокулдарози хушандом ба актрисаҳои ҳиндӣ монанд буд. Низом бошад, зардина ва ниҳоят зебо буд. Ба бахти онҳо чашми бад расид, ки Низом дар садамаи нақлиётӣ фавтида, мисли падараш ҷавонмарг шуду Дилпазири дуҷонро танҳо гузошт. Аҷаб даҳшате буд он рӯзҳо, духтараки заркокулаш Ёдгора баъди марги падар ба дунё омад. Аммааш ба Дилпазир мегуфт, ки “ту хатои маро такрор накун, набераҳоямро мону рафта шавҳар кун, кай хоҳӣ, омада онҳоро бин. Ту духтарам ҳастӣ, агар хоҳӣ, худам маъракачае ороста, аз ҳамин хона гуселат мекунам”, аммо Дилпазир бо аммааш мондан мехост ва дигар шавҳар ҳам карданӣ набуд.

Ҳевараш Икромро зан доданду аммааш ҳавлии як зани тоторро, ки аз ноҳия кӯчида, ба Русия назди хешонаш рафт, барои Икром харидорӣ кард. Ӯ мехост келину писарашро ҷудо карда, ҳамроҳи Дилпазиру кӯдакони вай бошанд. Икром корманди ҳифзи ҳуқуқ буду ба духтараки нохондае ошиқ шуда, ӯро ба занӣ гирифт, ӯ Дилпазирро на янга, балки апаҷон мегуфт аз аввал. Низора ҳам аз аввал бо Дилпазир муносибати хуб дошт, вале оҳиста-оҳиста қилиқҳои ҳархела баровард. Ҳамин, ки Дилпазирро танҳо ёбад, мегуфт:

-Апа, ба ҳамун хона шумо кӯчида равед чӣ?- Дилпазир бо ҳайрат мегуфт, -он хонаро аммаам барои шумо харидааст, таъмир тамом шавад мекӯчед, ба наздикӣ ку.

Аммо Низора мехост дар хонаи хушдоман бошад, чун Икром ҷиянҳояшро меҳрубонӣ кунад, дилаш мекафид. Як рӯз Икром гуфтугӯи занашро бо янгааш шунида, ӯро зери мушту лагат гирифт, Низора ба Дилпазир гуфт:

-Баъзе беваҳо ҳеварҳояшонро мегирифтаанд, тоба ҳамин хел ҳам мешудааст,-ранги Дилпазир сап-сафед канду оҳистаяк гуфт, - ман ин хел воқеаро надидам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД