formula
Бисмиллоҳ нагӯӣ луқмаи хӯрдаат ҳаром мешавад?
716

 

Бисёр вақт ҳангоми хӯрдани таом гуфтани “Бисмиллоҳ”-ро фаромӯш мекунем. Дар ин ҳолат луқмае, ки мехӯрем, ҳалол аст ё ҳаром?
Баҳром, н. Рӯдакӣ.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Гуфтани “Бисмиллоҳ” дар вақти хӯрдани таъом суннат аст, агар саҳван фаромӯш шавад, боке надорад ва бо сабаби фаромӯш шудани “Бисмиллоҳ” ҳаргиз луқма ҳаром намешавад. Касе дар оғози хӯрдани таъом гуфтани “Бисмиллоҳ”-ро фаромӯш кунад ва аснои хӯрдан ба ёдаш расад, агар “Бисмиллоҳи аввалаҳу ва охираҳу” гӯяд, суннат ба ҷо меояд. Модари мӯъминон Оиша (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо ба хӯрдани хӯрок оғоз кунад, «Бисмиллоҳ» бигӯяд ва агар фаромӯш кард, пас «Бисмиллоҳи аввулаҳу ва охираҳу» бигӯяд».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД