goodwell
Блогери машҳур Гусейн Гасанов дар Русия ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуд
187

Блогери машҳури озаринажод Гусейн Гасанов дар Русия ба чаҳор соли зиндон маҳкум гаштааст.

Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, суд блогер Гусейн Гасановро ба пулшӯйӣ муттаҳам дониста, ба маблағи як миллион рубл ҷарима карда, илова бар ин, ба муҳлати чаҳор сол маҳкум ба зиндон намудааст. Дар баробари ин, додгоҳ ба Гасанов давоми ду сол машғул шудан бо фаъолияти блогериро манъ карда, манзили ӯро, ки дар "Москва-Сити" ҷойгир буда, арзишаш 46 миллион рубл будааст, мусодира намудааст.

Мақомоти тафтишотии Русия иддао доранд, ки Гусейн Гасанов аз пардохти беш аз 170 миллион рубл андоз саркашӣ намуда, як қисми маблағи мазкурро тавассути муомила бо амволи ғайриманқул қонунӣ гардонидааст. Аммо худи блогер, ки ба навиштаи расонаҳо айни замон дар Аморати Муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекунад, иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад карда, гуфтааст, ки ҳанӯз соли 2024 қарзи андозии худро пардохт намуда буд.

Ёдрас мешавем, ки Гусейн Гасанов моҳи апрели соли 2023 ба Тоҷикистон омада буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД