arzon replenishment
Блогерони соли 2023 муайян шуданд
1778

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, Ассотсиатсияи блогерон ва вайнерони Тоҷикистон дар 15 самти фаъолияти блогерӣ сабқати “Блогери сол”-ро барои соли 2023 эълон карда буд. Тибқи иттилои масъулин, дар ҳар номинатсия 5 блогери беҳтарин интихоб шуда, аз миёни онҳо яке барандаи номинатсия мегашт.

Номинатсияҳо дар самти эҳсонкорӣ, пухтупаз, зебоӣ, омӯзгорӣ, ҳунармандӣ, панду насиҳат, ҳаҷв, вайн, чеҳраи сол ва амсоли ин интихоб шуданд. Ба рӯйхати блогерони муваффақ, ки ба тарафдориашон афроди зиёде овоз додаанд чеҳраҳои машҳури ютубу инстаграм, чун Фариддун Сафаров, Ғолиб Мусоев, Нодира Мазитова, Хуршед Сатторов, Фаррух Ҳасанов, Беҳрӯз Шарифӣ, Солеҳин ТВ, Мавзунаи Ҷовид, Абдулло Шарипов, Саъдӣ Тоирзода, Диловар Сафаров, Саидмурод Давлатов, Рафаэл Гулов, Умеда Парсаева, Дилноз Раҳимӣ, Фаррух Сангинов ва дигарон дохил шуданд. Ҳаводорони ин блогерҳо тариқи ирсоли смс-паёмак нафари арзандаро дар самти худ муайян намуданд ва маросими ҷоизасупорӣ дирӯз дар “Кохи Суруш” доир шуд. Ҳамин тавр, баъди шумурдани овози мардум ва райъдиҳии аъзои ҳакамон блогерони зерин дар самтҳои гуногун ғолиб эълон шуданд:

  1. Саидакрам Шукуров - панду насиҳат-блогери сол
  2.  Дилноза Раҳимӣ - ҳунарпеша-блогери сол
  3.  Саидмурод Давлатов - бизнес-блогери сол
  4.  Солеҳин ТВ – эҳсонкор - блогери сол
  5.  Беҳрӯз Ҳафизов – блогер – омӯзгори сол
  6.  Зинҳор Насриддинзода – техноблогери сол
  7.  Фаррух Сангинов – ҳунарманд – блогери сол 
  8. Азиза Мухторова – вайнери сол 
  9. Фаррух Ҳасанов – чеҳраи муваффақи сол
  10.  Қамариддин Ҳасанов - варзишгар-блогери сол
  11. Хуршед Сатторов – фейшон-блогери сол
  12.  Музаффар Бобораҳматов – авто-блогери сол
  13. Нилуфар Ҳалимова – бюти-блогери сол
  14.  Нигорахон Алимова – фуд-блогери сол
  15.  Азизбек ва Раҳима – лайфстайл-блогери сол
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД